Дар доираи татбиқи ташаббусҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон дар самти баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинон ва таҳкими робитаи бевоситаи кормандони идораву муассисаҳои ноҳия бо аҳолӣ, дар деҳаи Миёнакӯҳи Ҷамоати деҳоти Ванқалъа чорабинии навбатии усули «Деҳа ба деҳа» баргузор гардид.

Дар ин вохӯрӣ, масъулини ҷамоатҳои деҳот, намояндагони бахшҳои гуногуни мақомоти маҳаллӣ ва сокинони маҳал иштирок намуданд. Ҳадафи баргузории ин чорабинӣ, пеш аз ҳама, омӯхтани мушкилоти мавҷудаи сокинон дар маҳалҳо, шунидани арзи онҳо ва дарёфти роҳҳои ҳалли масъалаҳо дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор мебошад.

Вохӯриҳои мазкур дар фазои самимият ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардида, ба ташаккули робитаи боз ҳам мустаҳкамтар байни ҳокимият ва мардум мусоидат намуд. Ин иқдом дар доираи сиёсати мардумсолорӣ ва таҳкими ҳокимияти маҳаллӣ, ки аз ҷониби роҳбарияти олии мамлакат дастгирӣ меёбад, амалӣ шуда, дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия идома хоҳад ёфт.