23 сентябри соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон бо роҳбарии Раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил машварати корӣ баргузор гардид.

Дар он муовини якуми раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия ва роҳбарони сохторҳои ноҳиявӣ иштирок намуданд.

Дар кори машварат як қатор масъалаҳои муҳим рафти ичрои қарори раиси ноҳия аз 19 майи соли 2021 №222, қарори раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 26 апрели соли 2021 №112 оиди амалӣ гардидани карори Ҳукумати Чумхурии Точикистоназ 27 феврали соли 2021, №50 “Дар бораи Барномаи миллӣ оид ба муқовимат бо эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2011, №603 “Дар бораи тасдиқи қоидаҳои таъмин намудани маъюбон бо табобати санаторию курорти ,рафти ичрои қарори раиси ноҳия аз 18 феврали соли 2021 № 36, қарори раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 2 феврали соли 2021, №26 оид ба ичрои Қарори Ҳукумати Ҷумхурии Точикистон аз 31 декабри соли 2020, №703 “Дар бораи Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Точикистон барои солҳои 2021-2025” ва дигар мавзуҳои мубрами рӯз мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ҷараёни кори машварат ҳисоботи шахсони масъул оид ба масъалазҳои зикршуда шунида шуд.

Дар охири кори машварат раиси ноҳия муҳтарам Шоисматуллозода Комил ба роҳбарони идораю муассисаҳои дахлдор барои дар амал тадбиқ намудани масъалаҳои дар боло зикргардида, инчунин оид ба вусъати корҳои ободониву бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ супоришҳои мушаххас дод.