Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон, «Оид ба таъмини талаботи аҳолии кишвар бо ангишт дар давраи тирамоҳу зимистон» инчунин банди 3,2-и Накша чорабиниҳои карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз № 218 аз 28.03.2025 «Дар бораи сари вақт омода намудани сохаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026» барои бо нархҳои нисбатан арзон пешниҳод намудани ангишт аз конҳои ватанӣ дар Ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Шуғнон ярмаркаи фуруши ангишт баргузор гардид.

Бояд қайд намуд, ки бо ташаббусҳои Ҳукумати мамалакат санаи 26.09.2025 ба ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 100 тонна маводи сӯхти Ангишти босифат нисбатан бо нархи арзон дар ҳамаи Ҷамоатҳову деҳоти ноҳия барои сокинон дастрас гардид. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон аз шарофати сиёсати хирадмандона ва ғамхориҳои доимӣ ва дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдорӣ изҳор менамояд.