Ҳамоиши мазкур дар асоси Нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ВМКБ ва МИҲД-и ноҳияи Шуғнон доир шуда, дар он аз ҷониби мутахассисону донишмандон маърӯзаҳо матраҳ гардиданд.
Ҳамоиш бо намоиши дастовардҳои самти зеҳни сунъӣ, аз ҷумла корӣ олимону донишҷӯён оғоз ёфта, нахуст раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ ва дигар шахсони расмӣ бо дастовардҳои зеҳни сунъӣ шиносоӣ пайдо намуданд.
Зимни ифтитоҳи ҳамоиш раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ зикр кард, ки ташаббусҳои муҳими таърихии Роҳбари Олии мамлакат, Пешвои башардӯсти миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба манфиати кулли инсоният нигаронда шуда, дар сатҳи ҷаҳонӣ дастгирии ҳамаҷониба меёбанд, ки ин боиси ифтихор ва сарбаландии кулли тоҷикон маҳсуб меёбад.
Аз ин рӯ, зарур аст, ки моҳияту аҳамияти кулли ташаббусҳои Пешвои башардӯсти миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, минҷумла, ташаббуси навбатии муҳими таърихияшон, яъне «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», ки 25 июли соли 2025 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қатъномаи махсус қабул гардид, пайваставу ҳамаҷониба дар ҷамъият амиқан фаҳмонда дода шуда, ҷиҳати таблиғу ташвиқи онҳо, махсусан, аз тариқи васоити ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ тадбирҳои судманд роҳандозӣ карда шаванд.
Дар заминаи комёбиҳои беназири давлатсозӣ, ки муҳлати начандон тӯлонии таърихиро дарбар мегиранд, бо назардошти ғановати бостонии тамаддунию фарҳангӣ, Тоҷикистон, аз ибтидои асри нав, бо ташаббусҳои муҳими таърихӣ дар арсаи ҷаҳонӣ баромад мекунад.
Гуфта шуд, ки асоси инкишофи ҷамъият ин маорифу илм буда, Ҷумҳурии Тоҷикистон ин соҳаҳоро дар сиёсати худ аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ афзалиятнок эълон намуда, баҳри равнақи онҳо тамоми имкониятҳоро сафарбар намуд. Дар натиҷа дар 34 соли соҳибистиқлолӣ ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ 67,4 млрд сомонӣ ва аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 6,2 млрд сомонӣ, яъне дар маҷмӯъ 73,6 млрд. сомонӣ равона гардид.
Дар ин замина, гуфта шуд, ки дар асоси дастури Роҳбари давлат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо дар се соли охир дар вилоят 25 муассисаи нави таълимӣ ва 36 муассисаи томактабӣ бунёд шуданд. Ин раванд идома ёфта, то таҷлили 35 – солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон боз 11 мактаб ва 45 муассисаи томактабӣ мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.
Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худоберди оид ба нақши озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар раванди аз худ намудани донишҳои муосири техникӣ, таҳкими таҳкурсии мустаҳками ҳуқуқӣ, кадрӣ, сохторӣ ва молиявӣ бобати рушду равнақи технологияи рақамӣ, аз он ҷумла, зеҳни сунъӣ, ибрози назар намуда, таъкид намуд, ки иқдоми таъсиси минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе ҳамоҳангсозии тамоми ҷанбаҳои раванди татбиқи стратегияву лоиҳа ва барномаҳои марбут ба зеъни сунъиро дар Осиёи Марказӣ таъмин хоҳад намуд.
Дар ҷараёни ҳамоиш муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Каримзода Равшан дар мавзуи «Асосҳои зеҳни сунъӣ ва раванди таълими он дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон», муовини раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Ализода Алишер дар мавзуи «Тоҷикистон –пешоҳанги зеҳни сунъӣ ва ташаббусҳои глобалӣ: ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди устувори Осиёи Марказӣ», муовини директори Агентии инноватсия ва технологияи рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Яздонзода Исфандиёр дар мавзуи «Зеҳни сунъӣ ва ояндаи рушди устувор: ташаббусҳои Тоҷикистон дар доираи СММ», сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии иқтисодиёти соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Бобоев Ҷурахон Исломович дар мавзуи «Таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ дар заминаи ҳадафҳои стратегии ҳукумати мамлакат ва зеҳни сунъӣ» маърузаҳо манзур намуданд.
Дар қисмати мубоҳиса Амонбекова Зуҳро-мудири кафедраи технологияи иттилоотӣ ва амнияти компютерии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи профессор Моёншо Назаршоев перомуни “Нақши зеҳни сунъӣ дар рушди устувори илм ва технологияҳо дар минтақаҳои баландкӯҳ дар заминаи ташаббусҳои Пешвои муаззами миллати тоҷикон оид ба татбиқи дастовардҳои соҳа” ва Шоидарвозова Марзия, ходими калони илмии Институти илмҳои гуманитарӣ ба номи академик Баҳодур Искандаров бобати “Будущее семьи в эпоху искусственного интеллекта” баромад карданд.
Дар фарҷоми ҳамоиш таъкид гардид, ки ташаббусҳои байналмилалӣ дар самти иқлиму об ва пиряхҳо то пешниҳоди навбатии таърихӣ дар бораи зеҳни сунъӣ- ҳамаи инҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз дорои имкониятҳои зарурӣ, минҷумла дар ҷодаи илм мебошад. Ташаббуси глобалӣ вобаста ба зеҳни сунъӣ аз як ҷиҳат агар иқдоми сиёсӣ бошад, аз тарафи дигар он падидаи арзишӣ маҳсуб меёбад.
Қатъномаи мазкур нишон дод, ки Тоҷикистон дар асри рақамӣ мавқеи устуворро соҳиб гашта, кӯшиш бар он дорад, ки дар ин масир низ яке аз давлатҳои пешқадам бошад.





















































































































































































































































































































































































































































































