Гурӯҳи корӣ тибқи нақшаи муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои дахлдори ноҳия бо усули “Мактаб ба мактаб” бо хонандагон, омӯзгорон ва падару модарон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и деҳаи Возми ноҳияи Шуғнон вохӯрӣ анҷом доданд.
Дар вохӯрии мазкур мудири шӯъбаи маорифи ноҳия, корманди Шубаи ВКД н. Шугнон, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки ташкили вохӯрии мазкур бо мақсади пешгирии омилҳои номатлуб миёни наврасону ҷавонон, ҷинояткорӣ, пешгирӣ онҳо аз шомилшави ба экстремизму терроризм, ҷалби падару модар ба таълиму тарбияи фарзанд, ҳатми будани таҳсил дар зинаи сеюми таҳсилот, фаҳмонидани муҳтавои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, “Дар бораи маориф”, “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, омӯзонидани духтарон ба рӯзгордориву оиладорӣ, гиромӣ доштани фарҳанги либоспӯшии миллӣ, ба роҳ мондани тозакориву ободонӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуд.




Все реакции:
112Furqati Hukumat, Amniya Tolibekova и ещё 110

















































































































































































































































































































































































































































































