сохторҳои дахлдори ноҳияи Шугнон дар самти Рушди иҷтимоӣ ва робита бо усули “Деҳа ба деҳа”бо сокинони деҳаи Ванқалъа суҳбату вохӯриҳои анҷом доданд.
Дар ин вохӯри муҳтавои арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ масъалаҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ташкилотҳои террористиву экстремистӣ, вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ба саҳми ҳозирин расонида шуд.






















































































































































































































































































































































































































































































