Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санаи дар асоси нақша – чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон оид ба корҳои идеологӣ ва тарғиботию фаҳмондадиҳӣ бо усули “Деҳа ба деҳа” дар деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон вохӯри бо сокинони маҳал баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ масъулин ҷиҳати таъмини тозагиву озодагии иншооту биноҳо, ташкилоту муассисаҳо, кӯчаву маҳаллаҳо, манзили истиқоматии ҳар як оила дар деҳот, ҳамчунин бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии ҷавонон ва фаҳмонидани онҳо аз хатари терроризм ва экстремизм, тақвият додани корҳои ободониву созандагӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, пешгирии зӯроварӣ дар оила фаро гирифтани занону духтарон ба курсҳои касбомӯзӣ, риояи Қонунҳои амалкунанда, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии тамоюли бегонапарастӣ, даст назадан ба амалҳои коррупсионӣ ва оид ба дигар масъалаҳои мубрами рӯз ибрози андеша намуданд.
Мақсад аз баргузории чунин вохӯриҳо бедор намудани ҳисси меҳандӯстӣ ва зебоипарастӣ дар замири ҳар як шахс мебошад.





















































































































































































































































































































































































































































































