Санаи 30.09.2025 дар асоси нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Қасри фарҳанги норҳияи Шуғнон барномаи сиёсӣ-маърифатии “Насимим Истиқлол” баргузор карда шуд, ки дар он муовини якуми раиси ноҳияи Шуғнон Шохуррамзода Руслан ва Сардори шуъбаи коргузорӣ ва протоколии дастгоҳи раиси вилоят Рамазонзода Фируз иштирок ва суханрони намуданд. Дар барномаи дар боло зикргардита аз тамоми табақаҳои қишри ҷомеа ширкат варзиданд, ки аз ду қисмат иборат буд.
Дар қисмати авали барнома оиди мавзӯъи “Таҳдидиду хатарҳои замони муосир ва таъсири он ба Истиқлоли давлатӣ” аз тарафи Сардори шуъбаи коргузорӣ ва протоколии дастгоҳи раиси вилоят Рамазонзода Фируз ба иштирокдорони чорабинӣ баррасӣ гардид.
Қисмати дувуми онро барномаи фарҳангии аҳли ҳунари ноҳияи Рушон ташкил дод, ки таби иштирокдоронро болида намуданд .






















































































































































































































































































































































































































































































