Дар ноҳияи Шуғнон дар асоси хулосаи комиссияи тиббӣ даъватшавандагон, ки 100 фоизи иҷрои дурнамои даъвати ҳарбиро ташкил медиҳад, пас аз муоинаи тиббӣ қобили хизмат дониста шуда, барои адои хизмати ҳарбӣ ӣо тантана ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат сафарбар карда шуданд.

Маврид ба зикр аст, ки чанд мавсими даъват аст, ки ҷавонони ватандӯсти ноҳияи Шуғнон ихтиёрона ба нуқтаи даъват барои адои хизмати ҳарбӣ ҳозир шуда, даъвати ҳарбӣ дар рӯзи аввал пурра иҷро мешавад.