Ман Муқаиршоев Низор сокини деҳаи Муни Ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Шуғнон, дар мавсими даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ман муяссар шуд, ки ихтиёран ба хидмати ҳарбӣ равам ва аз ин амалам дар баробари чандин ихтиёриёни дигари ноҳияи Шуғнон ифтихор намоям. Бале, аз он мефахрам, ки мани ҳанӯз ҳеҷ хидмате ба Ватан накарда, имкон пайдо намудам мисли дигар ҷавонони хуштолеъ аз ин фурсати муносиб истифода барам, заррае ҳам бошад, саҳми худро дар ҳифзи марзу буми Ватан ва пойдории сулҳу субот гузорам, то минбаъд дар назди виҷдонам азоб накашам. Ман имруз чун як сарбозе худро меҳисобам, ки мисли дигар ҷавонон, ки ҳар мавсим аз ноҳияи Шуғнон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дохил шуда бо сари баланд адои хизмати Модар-Ватан менамоянд.

Боиси ифтихор аст, ки дар давоми хизмати Модар Ватан ҷавонони бонангу номусеро вомехӯрам, ки бо вуҷуди доштани имтиёзи нарафтан ба хидмати ҳарбӣ, ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайвастаанд. Бисёр хурсандам, ки падару модар маро дар руҳияи ватандӯстӣ тарбият карда, ба миллат ҳадя мекунанд.

Хушбахтона, тайи чанд соли охир теъдоди ҷавонони худогоҳ, донишманд, дӯстдори Ватани аҷдодии ноҳияи Шуғнон рӯ ба афзудан дорад. Ин аст, ки аксари ҷавонон ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мепайванданд.. Ин ҷавонон дарк кардаанд, ки Ватан баробари арзиш бо модар аст ва ҳар касе хидмат ба Ватан мекунад, яқинан, хидмати модарро ба ҷо меорад.

Дар охир ба ҷавонон гуфтаниам, биёед даст ба дасти ҳам ниҳода, дар атрофи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳастиашонро барои хидмат ба миллату давлат бахшидаанд, муттаҳидтар бошем, Ватанро боз ҳам ободтар созем. Зеро мо, ҳамон насли баиқболем, ки аз марҳамати Ҷаноби Олӣ ва ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумати мамлакат бархӯрдорем, беҳтарин шароити таҳсил ва рушди шахсиро дар ихтиёр дорем. Аз ин рӯ, бояд хидмат ба Ватан ва садоқат ба Сарвари хирадсолору ояндасози хешро дар ҳар марҳалаи ҳаёт қарзи виҷдонии худ дониста, дар ҳифзи марзу буми кишвари азиз, ки дар домони биҳиштосояш ба камол расидем, устувору собитқадам бошем.

Возможно, это изображение 5 человек и текст «ШУЕНОН»