Сани 3 октябряи соли 2025 гурӯҳи корӣ тибқи нақшаи муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои дахлдори ноҳия бо усули “Мактаб ба мактаб” бо хонандагон, омӯзгорон ва падару модарон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и деҳаи Колхозободи ноҳияи Шуғнон вохӯрӣ анҷом доданд.
Дар вохӯрии мазкур корманди шӯъбаи маорифи ноҳия, корманди Шубаи ВКД н. Шугнон, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, корманди бахши занон, корманди маркази ВНМО иштирок ва суханронӣ намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки ташкили вохӯрии мазкур бо мақсади пешгирии омилҳои номатлуб миёни наврасону ҷавонон, ҷинояткорӣ, пешгирӣ онҳо аз шомилшави ба экстремизму терроризм, ҷалби падару модар ба таълиму тарбияи фарзанд, ҳатми будани таҳсил дар зинаи сеюми таҳсилот, фаҳмонидани муҳтавои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, “Дар бораи маориф”, “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, омӯзонидани духтарон ба рӯзгордориву оиладорӣ, гиромӣ доштани фарҳанги либоспӯшии миллӣ, ба роҳ мондани тозакориву ободонӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуд.




Все реакции:
55Муслима Собирова, Шахбоз Мастонов и ещё 53

















































































































































































































































































































































































































































































