Ҳамаи Шуморо ба ифтихори «Рӯзи забони давлатии Чумхурии Точикистон» ва «Рӯзи омӯзгорон», самимона табрику таҳният гуфта, бароятон сиҳатӣ, саломатӣ, сарбаландию сарфарозӣ ва дар ҷодаи омӯзиши илму дониш барору комёбиҳои беназирро таманно менамоям.
Забони тоҷикии мо забони ширину шево ва шоиронаи точикӣ, ки донишу маърифати дар тӯли ҳазорандӯхтаи мардумро дар худ нигох доштааст, гӯётарин далели ҳастӣ ва мақоми ҳаётбахши он дар сарнавишти таърихии миллати мо мебошад. Олимону донишмандони сатҳи чаҳонӣ эътироф карданд, ки дар таърихи тамаддуни башар точикон яке аз миллатхои қадимтарин ба шумор меравад. Забони тоҷикӣ мероси бузурги ниёгони некноми мо бо вучуди мушкилоту монеаҳои зиёд ҳамчун риштаи пайванди насл ба насли миллат аз ҳазорсолаҳои дур то давлати соҳибистиклоли точикон омада расидааст ва решахои умри миллатамонро оби хаётбахш додааст.
Бинобар ин, арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, ки хамчун рукни муҳимтарини ҳастии миллат, пойдевори асосии давлатдорӣ ва фарҳангу маънавиёти халкамон накши барҷаста дорад, вазифаи инсониву вичдонии хар як фарди бонангу номус ба хисоб меравад. Забони давлатӣ, дар ҳакикат, тачассумгари таърихи пуршебу фарози миллати бостонии точик мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир, мо забонро мисли Истиклолият, Ватан, Модар ва фарҳанг аз чумлаи мукаддасоти миллии худ мешуморем ва онро азизу гиромӣ медорем. Имрӯз аҳли олам моро бо номи точикон давлатамонро бо номи Точикистон ва забонамонро бо номи точикӣ мешиносанду эътироф менамоянд. Бо ин забон садхо ва ҳазорон бузургону нобиғагон дурри сухан гуфтаанд ва осори безаволу мондагорро ба ояндагон мерос гузоштаанд. Осори Рӯдакиву Фирдавсӣ, Аттору Саной Саъдиву Ҳофиз, Мавлонои Балхиву, Мавлоно Ҷомӣ ва садхои нафари дигар, ки ҳанӯз чандин аср пеш навишта шудаанд, имрӯз барои мардуми мо дастрасу фаҳмо ва азизу гиромӣ мебошанд. Ин осори човидонаро хар як фарзанди соҳибмаърифати миллатамон ба осони ва белуғат мехонанду мефахманд. Вокеан, ҳуввияти миллӣ, фарханг ва онну суннатҳои мардуми бостонии мо дар ҳама давру замонҳо тавассути забон ҳифз мегардад. Қонуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи забони давлатӣ” вазъи ҳукуки ва доираи истифодаи забонро муайян карда, дурнамои рушди онро дар замони истиқлолияти давлатӣ дар шароити дигаргунихои бузурги сиёсиву иктисодӣ, ичтимоиву фарҳангӣ ба танзим меоварад. Яъне тавассути Қонун, забони давлатӣ ҳамчун забони сиёсату конунгузорӣ ва коргузориву муошират эътироф гардид. Сохибзабон дар назди наслхои фардо барои хифзи асолату покизагӣ ва шириниву шевоии он масъулият дорад ва онро ҳамчун арзиши бебаҳои миллӣ пос дорад.
Барои мо зарур аст, ки ба масъалаи сайкал додани фарханги муошират бо забони давлатӣ, аз ҳар гуна унсурхои гайри кобили кабул поку бегазанд нигох доштани он, инчунин, дар калбу зехни наврасону чавонон бедор намудани ҳисси эхтиром ба забони модарӣ аз чумлан вазифаҳои муҳимтарин ва доимии ҳар шахси соҳибватан мебошад.
Боиси ифтихор аст, ки мардуми хирадманду фарҳангдӯсти мо бахусус, омӯзгорон забони точикии хешро хамеша гиромӣ дошта, онро дар баробари дигар муқаддасоти милли, хотираи таърихӣ ва нангу номус хифз мекунанд.
Аз ин лиҳоз, бо шарофати сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон дар тӯлн 34-соли Истиклолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти мактабу маориф ва низоми таълиму тарбия дар кишвар бобарор амалӣ карда шуда истодааст. Дар Консепсияи эъмори чомеаи муосири точикон, ки асосгузору рахнамои он Президенти кишварамон мухтарам Эмомалӣ Рахмон ҳастанд, аз огоз то имрӯз масъалаи маориф ва таҷдиди низоми омӯзишу парвариш, масъалаи тарбияи зеҳнӣ ва ахлоқии чавонон, баланд бардоштани мақоми омӯзгор ба ҳайси омили муҳиме, ки заминаҳои пешрафти соҳаҳои асосии иктисодию ичтимой ва умуман давлату миллатро таъмин месозад, аз аҳамияти хосе бархӯрдор аст. Хамасола 83 ҳисоби фонди захиравии Президентӣ, ёриҳои башардӯстона, грантхо ва сарчашмаҳои дигар барои ислоҳоти сохаи маориф ва дастгирии моддии кормандони соха маблагхои зиёде сарф мегарданд.
Дар иди касбӣ ба ҳаман омӯзгорони асил, ки бо меҳнати дилсӯзонаю фидокорона ранч бурда, сазовори номи баланд, этирофи устоди касбаш дар миёни хамкорону ахли чомеа гардидаанд, сипоси самими хешро изхор менамоям. Ҳамагуна маърифат ва рӯзгори хушу солим аз рисолату масъулияти муаллим бармеояд. Рохнамоии муаллим аст, ки мо дар чомеаи худшиносу ватандўст, огох аз тамаддуни ҷаҳонӣ ба камол мерасем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ бо зиёиён қайд намуд,ки чомеа бояд хуб дарк намояд, ки эҳтиром ба омузгор эхтиром ба ояндаи миллат аст. Омӯзгор шахсест, ки бо нури саводу маърифат ва илму дониш хаёти чомеаро равшан месозад хурофоту чаҳолатро аз ҳаёти ҷомеа берун мекунад ва созандагону ободгарони ояндаи Ватанро ба камол мерасонад.
Дуруст аст, ки ҳанӯз дар ҳаёти омӯзгорон мушкилоти иқтисодиву иктимой ва маишӣ ҷой дорад, вале агар бо омӯзгор бо азму иродаи қавӣ дар ичрои рисолати касбии худ кӯшиш намояд он гоҳ насл ба камол хоҳад расид, ки ба қадри заҳмати устод омӯзгори худ мерасад ва ба давлату чомеа содиқона хизмат мекунад. Мехоҳам ба устодону омӯзгорони мухтарам хотирасон намоям, ки ба касби интихобкардаи худ завқ дошта бошанд, онро сидкан дӯст доран иродаи қавӣ ва сатҳи баланди касбият дошта бошанд. Яъне иззату обрӯи ҳар шахс аз чумла омӯзгор, дар навбати аввал аз худаш вобаста мебошад. Мо вазифадор ҳастем, омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимиро боз ҳам бештар дастгирӣ намоем ва манзалату обрӯи онҳоро дар чомеа баланд бардорем. мехоҳам бо қаноатмандиву сипос хотиррасон намоям, ки омӯзгорону устодони мо хамчун қишри фаъолу пешқадами чомеа дар солҳои душвори чанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо вучуди мушкилоти сахту сангини он давра содиқона фаъолият намудаанд ва дар таълиму тарбияи насли наврас саҳми шоиста гузоштаанд. Дар хотима аз суханони шоир Қодирӣ чунин мегуям:
Муаллим роҳнамои бехтарин шуд,
Ба ангушти дилаш дониш нигин шуд.
Чу рохи растагорӣ менамояд,
Сазовори ҳазорон офарин шуд.
Бори дигар кулли хамдиёрони азизамонро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ва «Рӯзи омӯзгорон» табрик гуфта, ба хар як хонадони мардуми точик суботу оромӣ, ба кишвари азизамон пешрафти рузафзун ва ба забони давлати соҳибистиқлоламон умри човидонӣ орзу менамоям.
Саломату саодатёр бошед, хамдиёрони гиромӣ!


















































































































































































































































































































































































































































































