Солҳо мегузаранд… Моҳҳову рузҳо яке паси дигаре сипарӣ мегарданд…
Ин солҳо ва моҳҳову рузҳо моро аз ҳодисаҳои даҳшатбори солҳои аввали соҳибистиқлолӣ торафт дур мебаранд, вале мо, мардуми шукргузори тоҷик набояд он рузҳоро аз хотир барорем, зеро агар гузаштаро фаромуш намоем, ояндаро наметавон сохт.
Маҳз, дар ҳамон рузҳои барои миллати тоҷик душвор, дар ҳамон лаҳзаҳои ҳассос ҳангоми баргузории Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахт ба рӯи мардуми он замон ҷафокашидаву азиятдида хандид…
Аз байни вакилони онвақтаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарзанди ғаюру боҷасорат, қавииродаю ватандӯст муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи пурмасъулияти Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
Шахсияте, ки бо омаданашон бар сари роҳбарии Тоҷикистони тозаистиқлол алангаи ҷанг дар кишвар хомуш гардид. Дуои неки Модари азиз ва тамоми мардуми тоҷик раҳнамояшон гардидаву тавонистанд бо кушишу заҳмат ва талошҳои беандозаву бесобиқа ҳамаи мушкилотро пушти сар намоянд ва миллати парешонгаштаи тоҷикро ба ҳам оранд:
Омад нафаре ба тахти миллат рузе,
Аз аҳли сафо.
Як Сарвари меҳрубону ҳам дилсузе,
Аз баҳри шифо.
Ҷон дар кафу баҳри ҳифзи ҷонҳо рафтӣ,
Эй покниҳод.
Аз ҳар тарафи ту тири оламсузе,
Растӣ ба дуо.
Яке аз мушкилоти ҷиддии он айёмро метавон зиёд будани шумораи гурезагони иҷборӣ унвон намуд, ки агар бархе ба минтақаҳои нисбатан амни кишвар паноҳ бурда бошанд, қисмати бешашон ба хоки давлати ҳамсоя-Афғонистони ҳамсоя гузашта буданд, ки Роҳбари ҷавону дурандеши Тоҷикистони ҷавонро ором намегузошт.
Нидои :”То охирин гурезаи тоҷикро ба Ватан барнагардонам, ман худро ором ҳис намекунам”, ки он замон аз қалби поки роҳбари тозаинтихоби кишвар баромад, умеди на танҳо гурезагони иҷборӣ, балки тамоми мардуми тоҷикро ба ояндаи неку дурахшон қавӣ гардонд.
Ва…хушбахтона, ин Фарзанди фарзонаи миллат орзуву умеди тамоми мардумро амалӣ гардондаву ҳар як ғарибу гурезаи иҷбории ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро ба Ватан баргардонданд:
Гуфтӣ, ки ғариби ин Ватан меояд,
Як-як омад.
Армони дили рафта ба тан меояд,
Омад-омад…
Хушбахтона, баъди таъмини сулҳу субот дар кишвари соҳибистиқлоламон бо раҳнамоиҳои Роҳбари дурандешу оқил ва ватандӯсти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободониву созандагӣ дар ҳар гӯшаи диёрамон оғоз гардидаву рӯз то рӯз вусъати тоза касб намуданд. Чун набудани роҳҳои дурусти нақлиётгард аз мушкилоти ҷиддӣ дар кишвар маҳсуб меёфт, қадами аввали Роҳбарияти олии мамлакат аз бунёди роҳҳо ва амалисозии яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат-аз бумбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар оғоз гардид. Дар давраи хеле мушкили иқтисодӣ барои ҷумҳурии тозаистиқлоламон шоҳроҳи Душанбе – Кӯлоб – Дарвоз – Хоруғ – Кулма – Қароқурум бунёд гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Бунёди ин шоҳроҳ заминаи устуворе буд, дар самти беҳтар гардидани сатҳи иқтисодии рӯзгори мардум, бахусус, сокинони Вилоти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, зеро маҳз дар заминаи ин роҳ аз ҷониби сокинони деҳаҳои ҳамшафати роҳ як қатор инфрасохтори хизматрасонӣ аз қабили ошхонаву меҳмонхона, нуқтаҳои таъмири нақлиёт, фуруши сузишворӣ ва ғайраҳо бунёд гардида, ба фаъолият оғоз намуданд.
Маҳз, бо бунёд гардидани роҳу пулҳо ва нақбҳо Тоҷикистони азиз, ки асосан дар фасли зимистон бар асари боришоти зиёди барф ба сабаби баста гардидани роҳҳо ба се қисм тақсим мешуд, ба Тоҷикистони воҳид табдил ёфт ва ҳаракати бемореаи нақлиёт дар чор фасли сол аз пойтахти кишвари азизамон-шаҳри Душанбе ба ҳамаи самтҳо, бахусус ба самти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имконпазир гардид.
Минбаъд, бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон созандагиҳо дар ҳамаи самтҳо ва соҳаҳо дар яке аз гушаҳои дурдасти Тоҷикистони азиз-Бадахшон равнақи тоза пайдо намуданд.
Заминаи асосӣ барои вусъати корҳои бунёдкориву созандагӣ дар вилоят-ин таъмни волоияти қонун аст, ки маҳз дар натиҷаи сиёсати инсонпараваронаи Пешвои муаззами миллат ва бо раҳнамоиҳои бевоситаи ин шахсияти бузурги таърихӣ дар ҳудуди вилоят амалӣ гардид.
Боиси ифтихору сарфарозист, ки ҳар як сафари Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баминтақаҳои гуногуни кишвари азизамон дар пайи ободкориву созандагиҳои беназир дорад. Агар дар мисоли Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон назар афканем, маҳз дар заминаи сафарҳои Сарвари хирадманду ободкор ва созандаю ояндабин дар ҳар гушаи ин минтақаи дурдасти Тоҷикистони азиз ободкориҳо авҷи тозаи худро пайдо мекунанд ва на танҳо маркази шаҳру ноҳияҳо, балки деҳаҳои дурдаст низ симои зоҳирии худро дар ин замина ба куллӣ иваз намуда истодаанд.
Бунёди корхонаҳои саноатӣ, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ, фарҳангиву варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ва дар маҷмуъ, рушди босуботи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят бо дастгирӣ ва таваҷҷӯҳи бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан, Пешвои муаззами миллат бомаром ҷараён дорад.
Сокинони шукргузори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо пуштибонӣ аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат корҳои ободониро вусъат дода, тамоми саъйи худро бар он равона месозанд, ки бо анҷом додани амалҳои созанда дар ободонии як гушаи кишвари азизамон-Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузорӣ намоянд.
Таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Бадахшон-дарвозаи тиллоии Тоҷикистон хоҳад шуд» воқеан ҳам сол то сол амалӣ гардида истодааст ва бо ифтихору фараҳмандӣ бояд гуфт:
Ҳар як сухане, ки Пешво ронд, бишуд,
Бар ҳар амале, ки Пешво хонд, бишуд.
Гулзор мисоли боғи фирдавси барин
Ҳар ҷой, ки Пешво қадам монд, бишуд.
Мардуми сарафрозу шукргузори тоҷик ба хотири арҷгузорӣ ба тамоми заҳмату хизматҳои шоёни Шахсияти бузурги таърихӣ, Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 16 ноябрро чун Рузи Президент бо меҳру самимияти хос таҷлил менамоянд.
Воқеан ҳам, талошу заҳматҳои хастанопазири Пешвои тоҷикони ҷаҳон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бунёди давлати навини тоҷикон, таҳкими Истиқлоли давлатӣ, пойдории Ваҳдати комили миллӣ, вусъати созандагиҳову ободкориҳо дар ҳар гушаи кишвари азизамон, ммуаррифии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмиллалӣ боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист. Пас, месазад, ки ин суханон вирди забони ҳар тамоми тоҷикони ҷаҳон бошанд:
Худо хандид бар руят, амон бош.
Сарафроз одами руйи ҷаҳон бош.
Магу зинҳор рузе, пир гаштам
Ҳамеша Пешвои тоҷикон бош!
Асламшозода Нилуфар Давлатназар-роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Шуғнон

















































































































































































































































































































































































































































































