Рӯзи Президент санаи муҳимест, дар тақми ҷашну маросимҳои расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола бо шаҳомат таҷлил мегардад. Ин рӯзро бо итминон рӯзи сидқу вафо ба миллату давлат номидан мумкин аст. Рӯзи Президент бо пешниҳоди парлумони кишвар, ба хотири арҷгузорӣ ба хидматҳои бузурги Президенти кишварамон , Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, эълон гардидааст.
Тавре таърихи навини Тоҷикистон гувоҳ аст, 16 ноябри соли 1992 Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанддоир гардид ва дар ҷараёни кори он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 1994 Президенти кишварамон интихоб гардиданд.
Тӯли Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон ба марҳилаҳои пурпечутоби таърихӣ дучор ва ба санҷишҳои зиёд рӯ ба рӯ гардидааст.
Тоҷикистон аз як кишваре, ки қариб нобудва иқтисодиёташ дар вартаи марговар дучор гардида буд, имрӯз ба як кишвари аз лиҳози иқтисодӣ рушёбанда табдил ёфтааст. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаҳои гуногуни мамлакатамон ба дастовардоҳои беназир давлат ба даст омадааст.
Албатта, ташаббусҳои Президенти мамлакат дар таҳкими пояҳои Истиқлолият ва эҳёи давлати навини тоҷикон хеле бузург аст ва ин ташаббусҳо барои сарнавишти миллату давлати мо аҳамияти муҳиму аввалиндараҷа доранд.
1. Тоҷикистонро аз вартаи нобуди наҷот доданд, давлатдории милли муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъиияте роҳбари давлат интихоб гардиданд, Тоҷикистонро ҷанги ҳамватанӣ фаро гирифта буд ва хавфи аз байн рафтани давлат ба миён омада буд. Дар он лаҳзаҳо мақсади асосии Роҳбари давлат пеш аз ҳама хомуш кардани оташи ҷанг, наҷот додани давлат аз парокандагию бадбахтӣ буд. Дар ҳақиқат Сарвари давлат вазифаи таърихии хешро иҷро намуд.
2. Талошҳои Сарвари давлат барои нигоҳ доштани тамомияти ҳудудии Тоҷикистон ҳамчун давлати ягона мустақил мебошад. Дар солҳои авали Истиқлолият баъзе аз нерҳои дохилӣ ва хориҷӣ ва сиёсатмадорони мансабдошти дохилӣ натаксим намудани кишварро ва аз он ҷо ҷудо кардани баъзе аз ноҳияҳо ва вилоятҳоро доштанд. Хушбахтона бо шарофати иродаи қавӣ ва муносибати ҷиддӣ Роҳбари давлат тамомияти арзиву ҳудудии Тоҷикистонро таъмин гардонд.
3. Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, дар муддати кӯтоҳ системаи мукаммал ва муосири давлатдориро барқарор намоянд, рукнҳои давлатдорӣ ва ниҳодҳои асосии давлатдориробарқарор эҳё намуданд. Маълум аст, ки даврае, ки Тоҷикистон нав соҳибистиқлолгардида буд, мақомот ва дигар ниҳодҳои давлатӣ фалаҷ гардида, кори бонизоми худро аз даст дода буданд. Агар ин вазъият идома меёфт хатари аз харитаи ҷуғрофии ҷаҳон нест шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлил мекард. Хушбахтона муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мӯҳлати кӯтоҳтарин вақт тавонистанд, ки органҳои конститутсионии давлатдорӣ ва ниҳодҳои фалаҷшудаи давлатро аз нав барқарор намоянд.
4. Маҳз бо талошҳои пайгиронаи Пешвои миллати халқи тоҷик тавонист оташи ҷангро хомӯш намояд ва ба Ваҳдати миллӣ расад. Ғояи сулҳ, оштии миллӣ авфу ҳамдигарбахши аз муҳимтарин паёмҳои Роҳбари давлат буданд, ки аз рӯзи аввали интихоб ёфтанашон ба миён гузошта буданд ва ин паём минбаъд низ ҷавҳари асосии тамоми барномаи фаъолияташонро ташкил мекард. Мо имрӯз ифтихор аз он менамоем, ки таҷрибаи сулҳи тоҷиконро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун як мактаби бузурги сулҳофарӣ ва ҳаллӣ низоъ эътироф крда, мавриди омӯзиш қарор додаанд.
5. Дар вазъияти бисёр ҳассоси сиёсӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худро ҳамчун шахсияти дорои хусусиятҳои баланди роҳбарӣ нишон дода, ҳамчун Пешво шинохта шуданд. Ин ҳам бахти халқи Тоҷикистон дар вазъияти мураккаби сиёсӣ буд. Бозуҳури Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистон соҳиби Пешвои миллӣ гардид ва таърихи давлатдории мо мазмуни нав гирифт.
6. Бунёди давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошад Ин идеяи меҳварӣ аз рӯзи аввали интихобшуданашон роҳи ояндаи мамлакат таъкид шуд. Дар ин давра ба давлати мо муяссар гардид, ки силсила усулҳои низоми демократӣ, аз ҷумла асосҳои демократии сохти давлатдорӣ, моҳияти дунявӣ ва иҷтимоии давлат, муқаддас будани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, фаъолияти парлумон касбӣ, дахлнопазирии моликияти шахсӣ, таъмин адолати судӣ, баробарҳуқуқӣ, озодии виҷдон дар матни Конститутсияи кишвар асоси устувори қонунӣ бахшад.
7. Дар давраи Истиқлолият ба муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон муяссар гашт, ки ҷанбаҳои ҳаётии Ваҳдати милиро ба вуҷуд орад. Бунёди роҳхои автомобилгард, нақбҳо, хатҳои интиқоли барқ ва дигар корҳои бузург ба сомон расонида шудаанд. Роҳи Қурғонтеппа- Кӯлоб, роҳи мошингарди Кӯлоб – Хоруғ, Қулма Қароқум, накбҳои шаҳристон, Истиқлол, Шаршар, Чормағзак, хатти баландшиддати 500КВт, интиқоли барқи Ҷануб- Шимол ва ғайра сохта шуданд.
8 Тули солҳои истиқлолият ба Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гашт, соҳаҳои асосии хоҷагии халқро аз нав эҳё намоянд ва ҷомеаи Тоҷикистонро аз буҳрони иқтисодиву иҷтимоӣ берун оваранд.
9.Бо талошҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонмиллати тоҷик ба худшиносии миллӣ расид ва тайи ин солҳо Пешвои миллат дар самти эҳёи ффарҳангу арзишҳои миллӣ ташаккули худшиносии миллӣ ва рӯҳияи ягонаи миллӣ қадамҳои устувор гузоштаанд. Бо мақсади эҳё намудани хотираи таърихи миллатсупориши бевоситаи Роҳбар давлат бо як силсилаабармардони таъриху фарҳанги миллат Исмоили Сомонӣ, Имоми Аъзам, Имом Бухороӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Мавлоно Ҷалолидин Балхӣ арҷгузорӣ шуда, ҷашнҳои бузургдошти онҳо дар сатҳи байналмиллалӣ доир карда шудаанд.
10. Маҳз кушишҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон боис гашт, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва узви ҷойгоҳи худро дар арсаи байналмиллалӣ пайдо кунад.
Дар ҳақиқат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои милат, Қаҳрамони Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рисолати таърихии худро дар назди Ватан, миллат ва таърихба ҷо оварданд. Мо имрӯз метавонем, бо сарбаландӣ, бо ифтихор бигӯем, ки Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат ҳамчун давлати ягонаи мустақил бапо шуд. Ҳеҷ кас ва ҳеҷ қувваи сиёсӣ, аз ҷумла гуруҳхи низоъангез , ки дастовардҳои Тоҷикистонро мудом нодида мегарданд ҳуқуқ надоранд мавҷудияти Тоҷикистон, пойдории Истиқлолияти Тоҷикистон ва ягонагии Тоҷикистонро инкор намоянд. Зеро бо ба ин роҳ намедиҳем.
Мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия Найшакарзода Зуҳро

















































































































































































































































































































































































































































































