Санаи 12 уми ноябри соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи назди Кумита кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурӣ Тоҷикистон Рустамова Сабоҳат , Муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Афзалшоева Муслима, раиси ҲХДТ дар ВМКБ Раҷабзода Зунайда Абунаср бо аҳли Шӯроҳои занон, бонувони фаъол ва кормандон вохӯри баргузор намуданд. Зимни вохӯри меҳмонон оид ба дастовардҳою муваффақиятҳои давлату миллат дар замони соҳибистиқлолӣ, ҳифзи муқаддасот ва арзишҳои миллӣ, таъмини иштироки фаъоли занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа ва дар сатҳи қабули қарор, пешгирии хурофоту бегонапарастӣ, шомилшавии занону ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва дигар масъалаҳо баромад намуданд.

Муовини раиси ноҳияи Шуғнон Мирзоашраф Пайрав Иззаталӣ дар ҷамъбасти вохӯрӣ суханронӣ намуда, меҳмононро ба ноҳияи Шуғнон хайрамакдам гуфта, барои гузаронидани чунин вохӯриҳои судманд изҳори миннатдорӣ намуданд.

Зимни вохӯри бархе аз фаъолзанони ноҳияи барои саҳмгузори ва фаъолияти пурсамари меҳнатӣ бо ифтихорнома ва сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.