14 ноябри соли ҷорӣ дар Қасри фарҳанги ноҳия бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ бо барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид.
Пеш аз оғози чорабинӣ ҳунармандони ноҳия меҳмононро бо созу суруд пешвоз гирифта, намоиши асарҳои пурғановати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар асарҳои марбут ба кору фаъолияти ин абармардро ба маҳрази тамошо гузоштанд.
Сипас раиси ноҳия аз дастовардҳои ноҳияи Шуғнон дар самти маорифу ҷавонон дидан намуда, кудакони кудакистони марказии ноҳия дар васфи “Пешвои миллат” қироат намуданд, ки боиси хушнудии ҳамагон шуданд.
Баъди ботантана садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ оғоз гардид.
Раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил суханронӣ намуда, аҳли толор, мардуми шарифи ноҳия ва тамоми ҳамватанони азизро ба муносибати “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” табрику таҳният намуд.
Зикр карда шуд, ки муҳимияти таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки мо бояд фаъолияти пурсамару ибратбахши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қадр намоем, зеро маҳз ба шарофати сиёсати муваффақонаву боровар, талошҳои пайваста дар роҳи ободиву осоиши Ватан, азму ҷасорати қавӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурғановати миллати бостонии тоҷик ва ташаббусҳои созандаву некбинонаи ӯ ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон бо нигоҳи боэътимод ва хайрхоҳона назар дорад.
Ҳамзамон, дар ҷамъомади тантанавӣ бархе аз фаъолони ноҳия барои фаъолияти намунавӣ, иҷрои софдилонаи вазифаҳои хизматӣ, саҳми арзанда гузоштан дар татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон муҳтарам Эмомали Рахмон ва ба ифтихори “Рӯзи Президенти Чумхурии Точикистон” бо Ифтихорномаи Раиси ноҳияи Шуғнон сарфароз гардонида шуданд.
Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо барномаи ҷолибу рангини консертии ҳайати эҷодии кормандони фарҳанги ноҳия, ки дар сатҳи баланд иҷро шуда буд, ҷамъбаст гардид.

















































































































































































































































































































































































































































































