Ҳамдиёрони азиз!

Бо камоли хурсандӣ ва эҳтироми самимӣ ҳамаи Шумо ва дар симои Шумо тамоми сокинони шарафманди ноҳияи Шуғнонро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсан аз номи худам ба муносибати санаи пурифтихори таърихӣ-Рӯзи Президент самимона табрику муборакбод намуда, бароятон сиҳатӣ, саломатӣ ва рўзгори осударо таманно менамоям.

Таҷлили Рӯзи Президент дар кишвари соҳибистиқлоламон чун нишони арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни Фарзанди фарзонаи миллат, меъмори сулҳу ваҳдат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, имруз дар ҳар гушаи Ватани соҳибистиқлоламон бо шукуҳу шаҳомати беандоза ва ифтихор аз давлатдории миллӣ ҷашн гирифта мешавад.

Агар ба таърихи каме беш аз 30 солаи кишвари азизамон-Тоҷикистон назар афканем, мутаассифона, дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ давлати ҷавони мо бо мушкилоти хеле ҷиддӣ-ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ дучор гардид. Воқеан, он айём тамоми тоҷикону тоҷикистониён умеди худро аз ояндаи неки ин сарзамини биҳиштосо канда, қисмати беше аз ҳамватанонамон маҷбуран тарки Ватан намуда, гурезагони иҷборӣ ном гирифтанд. Як қисмати дигарашон дар дохили кишвар ба минтақаҳои амн паноҳ бурданд, то ҷони худу фарзандонашонро аз хатар эмин нингоҳ доранд.

Хушбахтона, дар ҳамин айёми хеле душвор бахт бар руйи миллати куҳанбунёди тоҷик хандид. Зимни баргузории Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд, яке аз Фарзандони бонангу номуси Модари тоҷик, Ҷавонмарди ғаюру қавиирода ва ватандуст муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулияти баланд зимоми давлатдориро бар душ гирифтанд.

Он айём на ҳама ба бақои давлатдории ин Фарзанди содиқи Ватан боварӣ доштанд ва аксарият бар он андеша буданд, ки он зиёда аз 2 ҳафта давом нахоҳад кард. Вале хиради азалӣ, ҷасорату матонат, азми қавӣ ва масъулиятшиносӣ дар назди давлату миллат ба роҳбари ҷавони онвақта Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон неруи тоза бахшида, бо масъулияту ҷиддият ва дарки балани ватандорӣ фаъолияти худро оғоз намуданд.

Ҳозирини гироми!

Аввалин хитобе, ки Роҳбари ҷавони Тоҷикистони соҳибистиқлол ба мардуми ҷафокашидаву ноумеди он айём карданд, он буд, ки : “Ман ба Шумо сулҳ меорам!”

Хушбахтона, ин нияти неки Фарзанди содиқи Ватан, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид ва дар кишвари азизамон бо талошу кушишҳои беназир ва заҳматҳои пайгиронаи ин Роҳбари хирадманду оқил сулҳ пойдор гашт.

Минбаъд, барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар кишвари маҳбубамон аз ҷониби Шахсияти бузурги таърихӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми имкониятҳо истифода гардида, имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои амн ва ру ба тараққӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

Ба хотири рушди ҳамаҷонибаи кишвари азизамон бо роҳнамоиҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаи аввал 3 ҳадафи стратегӣ қабул гардида, барои амалисозии онҳо шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Маҳз, дар заминаи яке аз ин ҳадафҳои стратегӣ-раҳоӣ аз бумбасти коммуникатсионӣ дар кишвар сохтмони роҳу пулҳо ва нақбҳо оғоз гардида, то кунун бомаром ҷараён дорад ва хушбахтона, дар ҳудуди ноҳияи Шуғнон низ дар ин замина корҳои амалӣ ба сомон расонида шуданд.

Расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ яке аз ҳадафҳои дигари стратегии кишвар ба шумор меравад. Маҳз бо талошҳои пайгиронаи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмоммали Раҳмон дар ин самт дар Тоҷикистони соҳибистиқлол гомҳои устувор гузошта шуданд ва айни ҳол дар кишвар бунёди яке аз бузургтарин неругоҳҳои барқи обӣ-“Роғун” бомаром ҷараён дорад,ки ба арсаи нангу номуси миллати сарбаланди тоҷик мубаддал гардидааст.

Чун таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишвар аз аввали солҳои соҳибистиқлолӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт, дар ин замина бо дастури бевоситаи Пешвои раиятпарвари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замин ба сокинони кишвар тақсим карда шуда минбаъд мардум имкон пайдо намуданд, ки ба хотири таъмини сатҳи иқтисодии рузгорашон аз ин заминҳо самаранок истифода баранд.

Бо назардошти он, ки батадриҷ кишвари мо аз аграрӣ ба кишвари саноатӣ табдил ёфта истодааст, бо ташаббуси бевоситаи Пешвои созандаву ободкори кишвар, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомлаӣ Раҳмон ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар қабул гардида, барои бунёд ва таъсиси корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ дар кишвар заминаи боэътимод фароҳам овард. Хушбахтона, бо дастгирӣ ва роҳнамоиҳаои пайвастаи Пешвои муаззами миллат ин ҳадафи миллӣ дар ноҳияи Шуғнон низ босубот амалӣ гардида истодааст.

Боиси ифтихори мо-мардуми сарбаланди тоҷик аст, ки Пешвои муаззами миллат имрўзҳо ба ҳайси яке аз чеҳраҳои муътабари сиёсати ҷаҳонӣ шинохта шуда, дар дохилу хориҷи кишвар эҳтироми хоса ва арзандае бархўрдоранд. Сухану андешаҳояшон арзишманд ва дар ҳимояти аҳли башар аз минбарҳои хеле баланд садо додаву аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф мегарданд.

Дар робита бо кишварҳои ҳаммарз низ аз дурандешиву ҳамсоягии нек кор мегирад, ки ин амали башардўстонаашон, бахусус дар марҳилаи бархурди манфиатҳои абарқудратҳо нуфузи байналмилалии эшонро меафзояд. Эътирофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвари сиёсии муваффақ ва пуртаҷриба ифтихори тоҷикони ҷаҳон аст. Бояд гуфт, ки Пешвои миллат пайвандгарди дўстӣ, байни халқҳо мебошад. Давлати мо таҳти роҳбарии фарзонафарзанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти пешбурди сиёсати ҳамҷавории нек риштаҳои анъанавии дўстӣ, муштаракоти таърихиву фарҳангӣ, эътимоди ҳамдигарӣ ва дарки умумияти ҳалли масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ аз рўзҳои нахусти Истиқлоли давлатӣ муносибатҳоро бо кишварҳои ҳамсоя пеш бурда истодааст. Бояд қайд намуд, ки Сарвари давлатамон дар ҳалли масъалаҳои мураккаб нақши муҳим дошта, барои сулҳу субот ва рушди инкишофи минтақа ва ҷаҳон саҳми арзанда мегузорад. Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон аст. Дар дунёи пуртазоди муосир танҳо миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад.

Тоҷикистони сулҳмеҳвар таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ чун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, соҳибихтиёр, дунявӣ ва ягона муаррифӣ шуда, рӯз то рӯз нуфузу эътибори байналмилалии Ватани азизамон меафзояд. Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлати,миллати тоҷик бо роҳбарии Пешвои ватанпарвар ва дурандеши кишвар тамоми талошҳоро ба хотири нигоҳ доштани якпорчагии давлат ва ваҳдати миллат ба харҷ дода истодаанд.

Нишонаи суботи имрӯзаи Ватани маҳбубамон, ин Паёми ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ мебошад. Дар ҳар Паём Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нуқтаҳои муҳими таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату ягонагӣ ва якпорчагии кишвари азизамонро таъкид намуда, роҳҳои амалӣ сохтани барномаҳои давлатии баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавии аҳолии мамлакатро пешниҳод менамоянд. Воқеан, Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ ва сарнавиштсози мамлакат ба ҳисоб рафта, барои фароҳам овардани рушди устувор дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҳукумати кишвар нақши калидӣ хоҳад гузошт.

Ҳозирини Гироми

Лозим ба ёдоварист, ки ҳангоми сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, минҷумла, ба ноҳияи Шуғнон дар арафаи 28-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ ва 34–умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 23 иншоотҳои муҳими иҷтимоию иқтисодии ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Ин дастовардҳое, ки дар ҳудуди ноҳия давоми соли сипаришуда амалӣ гардиданд, натиҷаи таваҷҷуҳ ва дастгириву ғамхориҳои беназириАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба диёри куҳистони мо мебошанд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ватани азизамон рушд карда, давлатдории муосири тоҷикон шакл гирифта, мақоми Ватани маҳбубамон Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳонӣ боло рафт. Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон василаи муҳимтарини ҳифзи асолату ҳувияти миллӣ, нишонаи возеҳи ҳастии миллат мебошад ва халқи тоҷик ҳамасола ин ҷашни муқаддаси миллию давлатиро бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегирад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ мақому манзалати Тоҷикистони соҳибихтиёр ва халқи соҳибфазилати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ шоистатар гардида, халқи ҷаҳон аз иқдому ташаббусҳои сулҳҷӯёнавубашардӯстонаи роҳбарияти олии малакатамон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдорӣ менамояд. Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ имрӯз садои тоҷиконро аҳли сайёра мешунаванду Тоҷикистон аз минбарҳои баланди минтақавию байналмилалӣ ҳарфи саодати башариятмегӯяд. Сокинони бонангу номуси ноҳияи Шуғнон сиёсати пайгиронаи Пешвои муаззами миллатро дастгирӣ намуда, талош бар он доранд, ки тамоми дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо сари баланд иҷро намуда пайравони асили Пешвои муаззами миллат бошанд.

Дар ин рузи саид бори дигар ҳамаи Шуморо ба ифтихори Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику шодбош гуфта, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиҳативу саломати, умри дарози пурбаракат, ва коёбиҳои беназирро таманно намуда ба мардуми шарифи н Шугнон рузгори орому осударо тамано менамоям.