Парчам таърихи куҳан дорад. Аз ҳамон замоне, ки таърихи тоҷикон сар шуда буд, дар он парчам ҳам ёдрас мешуд. Дар бораи истифода бурдани парчам аз тарафи аҷдодони мо дар китоби Авесто қайд карда шудааст. Аввалин парчаме, ки дар китоби Авесто қайд карда шудааст, ин Дирафши Ковиёнӣ буд.
“Мо вазифадорем, ки Парчами миллии худро ҳифз намоем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ ва арзиши бебаҳои миллӣ ба ҷо оварем”.
Эмомалӣ Раҳмон.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи истиқлолият, дӯстиву бародарӣ ва ягонагии давлат мебошад.
Пайдоиши аввалин парчамҳо ба замонҳои қадим рафта мерасад, ки сарчашмаҳои таъриҳӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд.
Парчамҳои аввалин дар шаклҳои гуногун бо инъикоси ҳайвонот, аз ҷумла шер, хирс, асп, гов, гург, уқоб, боша, бум ва ғайраҳо мавҷуд буданд. Масалан, давлати Миср, ки онро 26 сулолаи Фиръавнҳо идора мекарданд, соҳиби парчами худ буд. Мисриёни қадим, ки шоҳинро муқаддас мешумориданд, парчами худро низ дар шакли шоҳин сохта буданд.
Ҳамзамон гуфт, ки дар соли 550 пеш аз милод аз ҷониби бузургтарин шахсияти таърихӣ – Куруши Кабир империяи ҷаҳонии Ҳахоманишиниҳо таъсис дода шуд. Ин давлат низ соҳиби парчами миллии худ буд. Дар парчами Ҳахоманишиниҳо уқоби болкушода ва дар болои сари уқоб офтоб тасвир ёфта буд.
Дар асоси ривоятҳои қадима, ки дар Шоҳномаи Абулқосимӣ Фирдавсӣ оварда шудааст, «Дирафши Ковиёнӣ» дар вақти шуриши эрониҳо бо сардории Коваи оҳангар ба муқобили Заҳок пайдо шудааст. Кова пешдомани чармини худро дар нӯги найза баста, бо ин парчам шуришгаронро ба пеши Фаридун, ки аз авлоди шоҳи Эрон буд овард. Ба Фаридун ин парчам писанд омад ва онро бо ситораи тиллоии чор шуоъдор ва сангҳои қиматбаҳо ва се ранг-сурх, сафед, нилгун ороиш дода, номи Дирафши Ковиёнӣ номгузорӣ намуд.
Дар давраи ҳукумронии «Ахоманишиниҳо» парчам шакли дигар гирифта буд. Дар ин парчам уқоби тиллоӣ дар мобайн ва аз паҳлӯҳо матоъҳои секунҷашакли сафед, сурх, сабз тасвир ёфтааст.
Сулолаи Аршакидҳо 250 ҳазор сол то солшумории мо Эронро аз ҳукумронии юнониҳо озод карда дорои парчами махсуси худ гардиданд. Парчам аз матои чоркунҷашакл иборат буда дар мобайн ситораи чоршуоъдор ва дар нӯги найза уқоби болкушода, ки дар чангҳояш кулулаҳои тилло дорад, тасвир ёфтааст. Яъне ин дирафш дар якҷоягӣ аз дирафши Ковиён ва Ахоманишинҳо гирифта буд.
Дар давраи сулолаи Сосониён, ки онҳо худро қавми ахоманишинҳо мешумориданд, парчами худро «Дирафши Ковиёнӣ интихоб карданд. Инчунин дар ин давра нишонаи давлатии сосониён моҳи нопурра ба ҳисоб мерафт ва то ҳоло ҳамчун аломатӣ дини ислом то ба давраи мо расидааст.
ПАРЧАМИ ДАВРАИ ХОНИГАРИИ БУХОРО
Парчами амири Бухоро матои росткунҷа, рангаш сафеду сабз, ки дар он бо арабӣ навишта шудааст «Султон-сояи Худо» дар тарафи дигар навишта шудааст, ки «Нест Худое чун оллоҳ ва Муҳаммад расули Худо» тасвир ёфтааст. Дар байни ин ду навиштаҷот тасвири моҳи нопурра ва ситораи 5-гӯшаи тиллоӣ ҷойгир карда шудааст. Канорҳои ин матоъ бо нақшҳои ранги сиёҳ-гулобӣ нақшу нигор карда шудаст.
2 сентябри соли 1920 амири Бухоро аз сари ҳокимият дур карда шуда ба ҷои он Республикаи Халқии Советии Бухоро ташкил карда шуд, ки ба таркиби он қисмҳои марказӣ, ҷануби-шарқии Тоҷикистон дохил мешуд. Нишони парчами давлатии Республикаи Халқии Советии Бухоро аз ду матои бо ҳам часпидаи сурху сабз таркиб ёфта дар он дар мобайн расми ним моҳ ва ситораи панҷгӯша тасвир ёфтааст.
14 августи 1923 комитети иҷрояи Бухоро қарор қабул кард, ки дар парчам тағиротҳо дароварда шаванд. Ранги сабзро бардошта, фақат ранги сурхро монданд.
Аз соли 1924 то 1929 Республикаи Автономии Сотсиалистии Тоҷикистон ташкил карда шуд, ки парчами пештараро тағир дод. Парчам аз матои сурх иборат буда дар он герби Ҷумҳурии Автономии Сотсиалистии Тоҷикистон тасвир карда шуда буд. Дар дохили герб досу болға, аз канорҳояш хушаи гандуму пахта тасвир ёфтааст. Дар канори герб навишта шудааст: «Пролетарҳои ҳамаи мамлакатҳо як шавед». Аз соли 1953-1991 парчами ҷумҳурии советии Сотсиалистии Тоҷикистон ҳамчун рамзи давлатӣ қабул карда шуд. Ин парчам аз 4 ранг иборат буда андозаи рангҳо гуногун буд. Дар болои ранги сурх, дос ва болға ва болои онҳо ситораи панҷгӯша тасвир ёфтааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 9-уми сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии худро эълон намуд, баъди панҷ моҳ ҳамчун ҷумҳурии мустақил узви комилҳуқуқи СММ гардид.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро мебоист баъд аз ба даст овардани Истиқлолият парчами милли худро тасдиқ намояд, аз ин хотир, то санаи қабули нишон ва парчами давлатӣ чанд моҳ қабл озмун эълон карда шуд, ки он ба таври пӯшида ҷараён меёфт. Дар озмун зиёда аз 200 лоиҳа пешниҳод карда шуд, ки ҳар як лоиҳаро комиссияи махсус бо роҳбарии академик Муҳаммад Осимӣ мавриди омӯзиш қарор медод.
Ҳамаи иштирокчиёни озмуни беҳтарин парчами давлатӣ матои серанга – сурх, сафед ва сабзро пешниҳод намуданд, ки ҳар як ранг ифодакунандаи муҳтавои таърихи гузашта ва имрӯзаи халқи тоҷик мебошад.
Ҳамин тариқ, комиссия кори худро бо интихоби лоиҳаи парчам ва нишони давлатие, ки аз ҷониби Ҳабибуллоев З., Заневский А., Додхудоева Л, Игнатушина Н. ва Сайдалиев М. пешниҳод шуда буд, ба анҷом расонид. Аввалин рамзи давлатӣ – парчам 24 – уми ноябри соли 1992 бо қабули Низомномаи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
Боиси ифтихор аст, ки парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол байни зиёда аз 220 давлати ҷаҳон ҷилва намуда, аз дигар парчамҳо фарқ мекунад.
Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як шакли матои росткунҷа, ки дар рӯи он се рахи рангаш ба таври уфуқи ҷойгирифташуда кашида шудааст ва байни рахи сафед тоҷ ва нимдавраи ситорадор ҷойгир аст.
Ранги сурхи парчам – нишонаи муборизаҳои халқи тоҷик баҳри ободӣ ва сулҳу суботи давлату миллат аст.
Ранги сафед – бахту иқболи сафед, покизагӣ ва хушбахтии халқи тоҷик аст.
Ранги сабз – маънои сарсабзӣ, фаровонӣ, табиати зебои Тоҷикистон ва абадияти мулки тоҷикон мебошад.
Парчам ҳамчун рамзи давлат дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ ва гузаронидани чорабиниҳои расмии фарҳангӣ, варзишӣ дар муносибатҳои байналмилаливу дохилӣ мавқеъ ва нақши хосаро дорост. Бинобар ин, Парчам суннати асосии давлатдорӣ буда, арзиши олӣ ва муқаддасоти миллӣ маҳсуб меёбад.
Маврид ба ёдоварист, ки 3 ноябри соли 2009 аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” пешниҳод гардид, ки мувофиқи он 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуд. Ин сана ҳамасола дар кишварамон ҳамчун рӯзи ид бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.
Ҳар як давлати соҳибистиқлолро зарур аст, ки муқаддасоти миллии худро нигоҳ дорад, аз ҷумла парчам, нишон, суруди миллӣ ва ё дигар рамзҳое, ки истиқлолияти давлатиро ифода менамоянд.
Парчам худ муқаддас аст. Парчам ин рамзи давлат мебошад, аз ин сабаб парчамро муқаддасоти миллӣ гуфтаанд. Ин ҳама рамзу муқаддасот аз чӣ шабоҳат медиҳад? Инҳама дастовардҳо аз истиқлолият вобаста аст .Шукрона мекунем ва фахр аз он дорем, ки тоҷикему соҳиби истиқлолем.
РӮЗИ ПАРЧАМ МУБОРАК ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗ!
Бо эҳтиром,
Прокурори ноҳияи Шуғнон
мушовири адлияи дараҷаи 1
Булбулшоҳзода Афранг Давлатназар


















































































































































































































































































































































































































































































