Хушбахтона, ба шарофати Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон кишвари соҳибистиқлол ва соҳибихтиёри мо парчами миллӣ, яъне рамзи гузаштаи пуршараф ва ояндаи дурахшонро, ки воқеаи нави таърихӣ мебошад, ба даст овард. Парчами давлатии Тоҷикистон дар қатори дигар рамзҳои давлатӣ аз рамзи истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлат шаҳодат медиҳад ва симои воқеии таърихӣ дорад. Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон яке аз идҳои расман муқарраргардида дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки 24-уми ноябри соли 2009 бо фармони Президенти кишвар “Рӯзи Парчам” қабул гардида, ҳамасола бо тантана таҷлил мегардад. Мо халқи тоҷик бояд ба анъанаву идҳои миллӣ ва арзишҳои давлатӣ эҳтиром гузошта, пайваста баҳри ҳифзи он талош варзем.

Парчами давлатӣ тамоми мардуми кишварро, ки аз давлат ва давлатдории худ ифтихор доранд, барои таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ ва талошҳои доимӣ барои шукуфоии сарзамини аҷдодӣ ҳидоят менамояд.

Аввалин Парчами тоҷикон “Дирафши Ковиён” ном дошт, ки он рамзи ягонагии давлатдории Ориёӣ пазируфта шудааст. Бояд зикр намуд, ки бо гузашти ҳазорсолаҳо халқи тоҷик дубора соҳиби давлат ва арзишҳои миллӣ гардид, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои парчами ягонаи миллӣ буда, дар ҷаҳон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол, ягона ва дунёвӣ муаррифӣ гардидааст. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин санаи таърихӣ баён доштаанд: “Парчами давлатӣ ҳамчун муқаддастарин рамзи давлатдории мо бо се ранги худ баёнгари ҳувият, таърих ва моҳияти давлати тоҷикон ва далели возеҳи соҳибватаниву соҳибистиқлолии мо мебошад.

Қабули Парчами давлатӣ дар давраи ниҳоят ҳассоси таърихи давлати тозаистиқлоламон ба мардуми мо тавону қувваи тоза бахшид ва онҳоро муттаҳид сохт, ки таҳти парафшонии маҳз ҳамин парчами давлатӣ сохти конститутсиониро барқарор ва сулҳу оромиро дар кишвар таъмин намоянд.

Парчами давлатӣ рамзест, ки қудрати муттаҳидкунанда дорад ва дар қалби ҳар як шаҳрванд ғурури миллӣ ва эҳсоси гарми ватандориро бедор мекунад.

Бинобар ин, ҳифзи Парчам ва арҷгузорӣ ба он нишонаи ҳисси баланди миллӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ мебошад”.

Бо истифода аз фурсат тамоми ҳамватанони азизро ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ самимона табрик гуфта, орзумандам, ки ин рамзи муқаддаси Тоҷикистони соҳибистиқлол бар сари давлату миллати шарафманду сарбаланди тоҷик ба таври ҷовидона парафшон бошад ва моро ба сӯйи ояндаи ободу осуда раҳнамун созад.

Рӯзи Парчами давлатӣ муборак бод, ҳамватанони азиз!

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Шуғнон Раҳматулло Собиров

Нет описания фото.