Ирӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон тибқи нақшаи фаъолияти Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Шуғнон таҳти раёсати раиси Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил Шӯрои ҷамъиятии ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Шуғнон бо иштироки муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳ, аъзоёни шӯро, сардорони идораву муассисаҳои дахлдори ноҳия баргузор гардид.
Дар рафти баргузории Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Шуғнон масъалаҳои зерин гузошта шуданд:
-Ҳисоботи раиси Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Шуғнон дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли нави 2026
-Тасдиқи нақшаи фаъолияти Шӯрои ноҳиявии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёӣ Тоҷикистон барои соли 2026.
-Таъсис ва тасдиқи комиссияҳои кории Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳия.
-Масъалаҳои ҷорӣ
Оиди масъалаи якум ҳисоботи раиси Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Шуғнон дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли нави 2026 мавриди баррасӣ қарор дода шуда, раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил бобати ин масъала иброз доштанд, ки маҷлиси Шӯрои ноҳиявии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар марҳилае баргузор гардида истодааст, ки тамоми сокинони сарбаланду шукргузори кишвари соҳибистиқлоламон ба истиқболи сазовор аз 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба омодагӣ дида истодаанд.
Қайд гардид, ки бо ёдоварӣ аз он рузҳои ҳассос ва таърихӣ Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳои худ қайд намуданд: “Дар раванди татбиқи тадбирҳои пешбиникардаи Созишномаи сулҳ яқин гашт, ки барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва амалӣ гардонидани ормонҳои сулҳу субот ҳамаи неруҳои ватандусту ватанпарвар, ҳизбҳои сиёсиву иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ ба ҳам муттаҳид шаванд. Ва дар ин замина зарурате пеш омад, ки дар баробари Шурои ҷамъиятӣ як ташкилоти умумихалқӣ, ки доираи ҳарчӣ васеътари мардумро фаро гирад, таъсис дода шавад. Ин корро мо дар шакли Ҳаракати умумихалқии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон анҷом додем.”
Шӯрои ноҳиявии ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Шуғнон ташкилотҳои ибтидоӣ ва аъзоёни онро муттаҳид намуда, созмонҳои ибтидоии он дар маҳалҳо амал мекунанд. Аъзоёни ин ҳаракат шахсоне ҳастанд, ки худихтиёрӣ ба ин ҳаракат ҳамроҳ шуда, дар тарғибу ташвиқи ғояҳои ватандустона, сиёсати созандаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкати фаъолона доранд.
Масъалаи дуюм ва сеюми рузномаи маҷлис, тасдиқи нақшаи фаъолияти Шӯрои ноҳиявии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёӣ Тоҷикистон барои соли 2026 ва таъсис ва тасдиқи комиссияҳои кории Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияро мудири шуъбаи ташкили ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия барраси намуда қарорҳои раиси Шуроро барои тасдиқ ба аъзоён пешниҳод намуд, ки аз тарафи аъзоёни Шуро якдилона қабул гардиданд.
Дар охири маҷлис раиси Шӯрои ноҳиявии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёӣ Тоҷикистон дар ноҳияи Шуғнон барои беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти Шуро ба аъзоён супоришҳои мушаххас доданд.






















































































































































































































































































































































































































































































