Имрӯз дар қасри фарҳанги ноҳияи Шуғнон бо иштироки раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил маросими қадрдонии хонандагон ва варзишгароне, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, олимпиадаҳо, мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявию байналмиллалӣ сазовори ҷойҳои намоён гардидаанд баргузор гардид.
Меҳмонон аввал аз дастовардҳои толибилмон ва варзишгаронноҳия дидан намуда, ба дастовардҳои соҳаи маъориф, фарҳанг ва варзиш баҳои баланд доданд.
Сипас баъди садо додани Суруди миллӣ роҳбарияти ноҳия иштирокдоронро барои дастовардҳои баландашон дар соҳаи маъориф, фарҳанг ва варзиш муборакбод намуданд.
Гуфта шуд, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сайқал додани дониши хонандагон, баланд бардоштани ифтихори миллӣ, арч гузоштан ба муқаддасоти миллӣ дар Ватани азизамон силсила олимпиадаҳо, озмунҳои мухталиф “Илм- фуруғи маърифат”, “Фуруғи субҳи доной китоб аст” “Тоҷикистон- ватани азизи ман” ва дигарҳо роҳандозӣ шуда, садҳо довталабон дар он иштирок доранд. Озмунҳои қаблӣ собит намуданд, ки дар байни наврасону ҷавонони бонангу номуни ноҳияи Шуғнон истеъдодҳои нодир ба воя расида истодаанд, ки мо бояд онҳоро ҳамаҷониба дастгириву ҳавасманд намоем. Итминони комил дорам, ки дар озмунҳои навбатӣ истеъдодҳои нав дар ноҳияи Шуғнон маҳорати хешро санҷида, дар оянда барои пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлоламон саҳми арзанда хоҳанд гузошт.
Маврид ба қайд аст, ки аз тарафи роҳбарияти ноҳия зиёда аз 170 нафар хонандагон, ҷавонон муррабиён ва устодон ки дар силсила олимпиадаҳо, озмунҳои мухталиф ҳамчунин варзишгароне ки дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ аз намудҳои Волейбол, Ҳендбол, Футбол, Гуштингирӣ, Теквандо ва дигар намуди варзишҳо сазовори ҷойҳои намоён гаштаанд бо ифтихорнома, мукофоти пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Аҳли фарҳанги ноҳия бо барномаи рангини худ чорабиниро ҳусни анҷом бахшиданд.






















































































































































































































































































































































































































































































