Паёмҳои солонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳнамои муҳими фаъолияти сохторҳои гуногуни давлатӣ ва ҳаёти тамоми сокинони шукргузори кившвари соҳибистиқлоламон ба ҳисоб мераванд.

Маҳз, ироа гардидани паёмҳои солона нақшаи муфассалу мукаммалро барои солҳои минбаъда муайяну мушаххас намуда, самараи неки он дар ҳар гушаву канори Тоҷикистони азиз бараъло эҳсос карда мешавад.

Барои мо-мардуми сарбаланди тоҷик боиси ифтихору сарфарозист, ки Роҳбарияти олии кишварамон чун тантанаи давлатдории миллӣ мустақилона манфиатҳои миллии давлат ва самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷиро муайян менамоянд ва пешниҳод гардидани Паём дар арафаи Соли нав ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикисон ва ҳамзамон, ба тамоми сокинони кишвар яке аз рамзҳои давлатдории демократию ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад.

Саодати баланди мо-мардуми сарбаланду шукргузори тоҷик аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмини ҳаёти шоиста барои ҳар шаҳрвандро яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати иҷтимоии мамлакат арзёбӣ менамоянд.

Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024 иброз доштанд: “Кишвари мо дар марҳилаи нави тараққиёти худ қарор дошта, бо амалӣ намудани стратегияву барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст.

Дар баробари ин, нооромиву низоъ дар минтақаҳои гуногуни олам,шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, “ҷанги сард”, тағйирёбии иқлим, инчунин, канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ моро водор месозанд, ки барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои саривақтӣ андешем.

Дар ин ҷода моро зарур аст, ки дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем.

Зеро мардуми мо мисли халқҳои дигари мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд.

Ин аст ҳадафи олии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон.”

Хушбахтона, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ҳамаи захираву имконоти мавҷуда ҷиҳати мунтазам беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардум нақшаҳои бузурги созандагиро роҳандозӣ карда истодааст.

Боиси сарфарозии мо-мардуми сарбаланди тоҷик аст, ки тамоми нақшаву ниятҳое, ки тавассути Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа мегарданд, давра ба давра татбиқи амалии худро ёфта, ба ин восита ба рушди босуботи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ мусоидат менамоянд.

Содиқона дуст доштани Ватан, ифтихори самимӣ аз тоҷикияти худ ва доштани ҳисси баланди миллӣ заминаи асосии сарҷамъӣ ва муттаҳидии миллати сарбаландамон аст, ки пайваста дар суханрониҳои Пешвои хирадсолор, дурандеш ва оқиламон садо медиҳанд ва бояд раҳнамои ҳар сокини бонангу ори кишвари соҳибистиқлоламон ва ҳар тоҷики руйи ҷаҳон бошанд.

Маҳз, хиради азалӣ, кушишу талошҳои пайгирона, роҳнамоиву дастурҳои ояндабинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешравию дастовардҳои мардуми шукргузори тоҷикро афзун намуда, кишвари соҳибистиқлоламон дар ҷаҳон муаррифӣ гардид ва ҳамакнун, ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббусҳои ҷониби Тоҷикистонро эътироф намудаву номи кишвари азизи мо, забони нобу шевои ширини тоҷикӣ аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ садо медиҳад.

Пас, мо мардуми шукргузори Тоҷикистони азиз бояд неъматҳои бебаҳо-сулҳ, амният, осудагии кишвари азизамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем ва барои таҳкими Ваҳдати комили миллӣ, вусъати корҳои ободониву созандагӣ ва истиқболи арзанда аз 35 солагии Истиқлоли давлатии кишвари азизамон саҳмгузор бошем.

Нилуфар Асламшозода-роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Шуғнон

Нет описания фото.