Дастоварду ободонӣ дар ноҳияи Шуғнон

Вусъати натиҷабахши корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳияи Шуғнон шаҳодат аз он медиҳад, ки сокинони дурдасту баландкӯҳ дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакатро сармашқи кори ҳаррӯзаи худ қарор дода, баҳри тамоми сатму соҳаҳои хоҷагии халқ ва дар маҷмӯъ барои таъмини зиндагии шоиста хеш содиқона ва ҳавасмандона фаъолият менамоянд.

Таи солҳои охир маҳз бо шарофати соҳибистиқлолӣ сокинони ин ноҳияи баландкӯҳи мамлакат соҳиби даҳҳо иншооти гуногуни иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва корхонаҳои саноатӣ шудаанд, ки ба рушди иқтисодиёт, ободу хуррам гаштани ноҳия ва ба болоравии сатҳи зиндагии онҳо мусоидат намуда истодааст.

Ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Шуғнон таъмиру азнавсозӣ ва бунёди 226 иборат ба маблағи умумии 837 млн 294,0 ҳазор сомонӣ иборат мебошанд.

Имрӯз симои маркази ноҳияи Шуғнон куллан тағйир ёфта, ба шаҳраки зебову замонавӣ ва сарсабзу хуррам табдил ёфтааст.

Аз ҷумла, тибқи нақшаи чорабиниҳо дар соли 2022 22 иншоот ба маблағи 33 млн 457,1 ҳазор сомонӣ, соли 2023 74 иншоот ба маблағи 55 млн 303,3 ҳазор сомонӣ, соли 2024 аз 95 иншооти ба нақшагирифташуда 87 банд ба маблағи 280 млн 286,8 ҳазор сомонӣ қарор дода шудаанд.

Инчунин, дар соли 2025 38 иншоот ба маблағи умумии 283 млн 288,7 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмони пурра ба анҷом расидааст, ва дар соли 2026 бошад 8 иншоот бо маблағи 45 млн 900,0 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудаанд.

Ба ҳолати кунунӣ дар маҷмуъ 216 иншооти ба маблағи умумии 405 млн сомонӣ, ё 96 фоизи нақша пурра амалӣ гардида, корҳои созандагию бунёдкорӣ дар ин самт идома доранд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва ноҳияи Шуғнон дар арафаи ҷашни 28-умин солгарди Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 адад кудакистони нав сохта шуданд, аз ҷумла дар маркази

ноҳияи Шуғнон шаҳраки Ваҳдат ва дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия бо фарогирии умумии 305 кудак, Муассисати таҳсилоти миёнаи умумии №19 Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 51, ” Беморхонаи марказии ноҳияи Шуғнон, бунгоҳи тиббии деҳаи Сипинз, Ҷамоати деҳоти Сучони, бунгоҳи

тиббии дар деҳаи Ёмҷӣ Ҷамоати деҳоти М. Ширинҷонов, бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти Навобод, бинои муассисаи давлатии нигоҳдории минтиқаи Ғунди ноҳияи Шуғнон мавриди истифодабарӣ қарор дода шудаанд.

Айни замон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияи Шуғнон дар ҷамоатҳои деҳотҳои ноҳия барои соли 2026 7 адад кудакистонҳо, бунгоҳҳои тиббӣ таъмири хонаҳои фарҳангӣ ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ оғоз гардидаанд.

Илова бар ин бо эълон гардидани рушди соҳаи саноат барои солҳои 2022-2026 дар соли равон дар маҷмуъ 31 адад корхонаҳои саноатӣ бо теъдоди ҷойҳои 141 корӣ фаъолият намуда дар ин давра маҳсулоти истеҳсолшуда ба маблағи 64140,8 ҳазор сомонӣ ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 121,1 фоиз зиёд гардидааст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳангоми сафари кории навбатии Пешвои миллат Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаи коркарди Барги “Шоҳтут”, корхонаи коркарди меваи хушки меваҳои Шуғнон,корхонаи коркарди меваю сабзавот деҳаи Пашори Ҷамоати деҳоти Поршинев, корхонаи каркади меваю сабзавот шарбатаёркунии деҳи Нишуспи Ҷамоати деҳоти Ғарибшо Шаҳбозов, корхонаи коркарди асфалтбарории деҳаи Барсеми Ҷамоати деҳоти Сучон, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд.

Инчунин бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилоят ва ноҳияи Шуғнон дар деҳаи Пашори Ҷамоати деҳоти Поршинев корхонаҳои парки саноатӣ 5 адад ба нақша гирифта шуда, то таҷлили ҷашни истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2026 мавриди барабардорӣ марҳила ба марҳила дода мешаванд.

Мудири бахши рушди иқтисод ва савдои ноҳияи Шуғнон Бекназаров Илҳом.

Возможно, это изображение текст