ХУШХАБАРИ НАВБАТИ! 13-14 декабри соли 2025 дар шаҳри Душанбе чемпионата Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба намуди ҷудо байни наврасони солҳои таваллуди 2008-2010 баргузор гардид.Варзишгарони мактаби варзишии минтақаи Ғунди ноҳияи Шуғнон бо роҳбарии мураббии пуртаҷриба довари дараҷаи байналмилалӣ сармураббии дастаи ВМКБ Асматбеков Мамадниёз дар ин мусобиқа иштирок намуда сазовори медалли тилло Саидмамадова Сурма ва медалли биринҷи Саидмамадова Зебидамо гардиданд. Боиси ифтихор аст, ки дар давоми соли равон дастпарварони мураббии Асматбеков Мамадниёз аз намуди ҷудо сазовори 13-медалли сатҳи ҷумҳурияви гаштанд .РАҲМАТИ КАЛОН! Мактабӣ варзишии минтақаи Ғунди ноҳияи Шуғнон аз Шумо ифтихор дорад.
Сомонаҳои муфид
Previous
Next

















































































































































































































































































































































































































































































