16 декабри соли 2025 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон тамошои дастҷамъонаи Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар баргузор гардид.
Дар тамошои пахши мустақими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил, муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳ, кормандони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарон ва кормандони дигар идораву муассисаҳои ноҳия иштирок намуданд.






















































































































































































































































































































































































































































































