Санаи 17-уми декабри соли равон дар толори шуъбаи маорифи ноҳия маҷлиси умумӣ дар бораи шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки муовини раиси ноҳияи Шуғнон Мирзоашраф Пайрав Иззаталӣ ва кормандони соҳаи маорифи ноҳия баргузор гардид.

Муовини раиси ноҳия ба маҷлис ҳусни оғоз бахшида, Паёми Сарвари давлатро ҳамчун санади муҳимми расмӣ, барномавӣ, ифодакунандаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд.

Зикр карданд, ки Паёми навбатии Пешвои миллат ҳамчун санади ҷомеъ ва фарогир, таҳлилу баррасии амиқи тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат ва дурнамои рушди устувори кишварро дар ҳамаи самтҳо дарбар мегирад. Таҳлили мазмуни умумии Паём нишон медиҳад, ки дар меҳвари он масъалаҳои таъмини зиндагии сазовор барои шаҳрвандони кишвар ва ғамхории васеъ нисбат ба ҳар як қишри ҷомеа қарор гирифтааст. Дар баробари ин, дар Паёми имсолаи Пешвои миллат барои рушди устувори ҳар як соҳа ва рафъи камбудиҳои ҷойдошта дар онҳо дастуру супоришҳои қатъӣ ва таклифу ҳидоятҳои зарурӣ дода шуданд.

Дар охир, кормандони соҳа ба меҳмонон ҷиҳати ташриф ва андешаронияшон дар маҷлиси мазкур ва ҳозирин барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат, ки дар Паём зикр гардидаанд, даъват ба амал оварданд.