Санаи 17 декабри соли ҷорӣ раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил зимни сафари корӣ дар ҷамоати деҳоти Мирзоҷон Ширинҷонов бо ҷараёни корҳои сохтмонии кудакистон, китобхона ва хонаи фарҳангии деҳаи Сохчарви Ҷамоати деҳоти Мирзоҷон Ширинҷонов шиносои пайдо намуданд.
Зимни боздид аз ҷараёни корҳои сохтмони раиси ноҳия, бо сокинон сохтмончиён сӯҳбати озоду самимӣ оростанд.
Барои дар сатҳи баланд ва дар муҳлати муайян ба итмом расондани корҳои сохтмони роҳбарияти ноҳия ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд.






















































































































































































































































































































































































































































































