Нимаи дуюми рӯзи 17 декабри соли равон раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил зимни сафари корӣ дар ҷамоати деҳоти Сучон аз ҷараёни корҳои сохтмони нерӯгоҳи барқии офтобӣ, майдончаи варзишии ҳозиразамон дар деҳаи Рожи ноҳияи Шуғнон дидан намуданд.

Инчунин роҳбарияти ноҳия аз муассисаҳои соҳаи иҷтимоии ҷамоат, муассисаи таълимии рақами 18, хонаи фарҳангӣ, китобхонаи деҳаи Рож муассисаи таълимии рақами 19 и деҳаи Питоб ва корҳои сохтмонии майдончаи варзишии назди муассисаи таълимии деҳаи Питоб шиносои пайдо намуданд.

Ба роҳбарияти ноҳия иттилоъ дода шуд, ки ин неругоҳ то 3 мегаватт қувваи барқ истеҳсол намуда, таъминоти талаботи ноҳия ва вилоятро бо кувваи барқ таъмин хоҳад намуд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ таъкид намуданд, ки «истифодаи васеи сарчашмаҳои алтернативии барқароршавандаи неруи барқ, пеш аз ҳама, неруи офтобӣ, бахусус, дар минтақаҳои деҳот ва кӯҳистон ба дастрасии пурраи аҳолӣ ба неруи барқ, баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум, ҳифзи муҳити зист, инчунин, роҳандозии технологияҳои муосири «сабз» ва ташкили истеҳсолоти илмталаб мусоидат менамояд».

Маврид ба зикр аст, ки сохтмони иншоотҳои зикргардида дар арафаи анҷомёбӣ астанд ва бо сифати баланд мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт.