22 декабри соли 2025 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иҷлосияи чоруми даъвати ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шуғнон доир гардид. Дар кори он Раиси ноҳия, муовинони раис, роҳбари дастгоҳ, роҳбарони сохторҳо ва муассисаву корхонаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.
Ҳамзамон, дар кори Иҷлосия намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – муовини раиси вилоят Муслима Афзалшоева иштирок намуданд.
Иҷлосия таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоисматуллозода Комил сурат гирифт.
Иҷлосия бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.
Дар иҷлосия масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
-Тасдиқ намудани бучети маҳалии ноҳия Шуғнон барои соли 2026 ва таъмини иҷрои он дар соли 2024;
-Тасдиқ намудани “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Шуғнон барои солҳои 2026-2030;
-Дар бораи муқаррар намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ;
-Тасдиқ намудани Барномаи оби ошомиданӣ ва беҳдошти ноҳияи Шуғнон барои солҳои 2024-2030
-Тасдиқ намудани қарорҳои раиси ноҳия, ки дар байни иҷлосияҳои сеюм ва чоруми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати ҳафтум қабул гардидаанд.
Бояд тазаккур дод, ки ҳамаи шахсони масъул тибқи масъалаҳо баромад намуда,ҳамаи масъалаҳо таҳлилу баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Дар идома муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Муслима Афзалшоева баромад намуда, баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Бо ҳамин иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати ҳафтум ба кори худ хотима бахшид.






















































































































































































































































































































































































































































































