Паёмҳои Пешвои миллат, воқеан, барномаи корие барои рушди бемайлони кишвари азизамон буда, аз як тараф, натиҷаҳои бадастомадаи як соли гузаштаро ба баррасӣ кашида, аз тарафи дигар барномаву ҳадафҳои заруриро барои як соли дигар ба миён мегузорад. Дар доираи нақша-чорабиниҳои МИҲД ВМКБ санаи 13 январи соли ҷорӣ гуруҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар айҳати Имомназар Хоҷаназар Лутфулло мушовири раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Хушомади Алидод узви садорати иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва муовини раиси ноҳияи Шуғнон Мирзоашраф Пайрав Изатали бо сокинони ҷамоатҳои деҳоти Поршиневи ноҳияи Шуғнон вобаста ба бандҳои алоҳидаи Паём вохӯриҳои судманд анҷом доданд.
Зимни вохӯрӣ муовини раиси ноҳияи Шуғнон Мирзоашраф Пайрав Иззаталӣ меҳмононро ба ҷамоати деҳоти Поршиневи ноҳияи Шуғнон хушомад намуда, минатдории роҳбарияти ноҳия ва тамоми сокинонро барои ташрифи навбатиашон ба ин диёр изҳор намуданд.
“Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳими расмӣ, барномавӣ ва муайянкунанда буда, ифодаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаи мукаммали фаъолияти тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯйи ояндаи дурахшон мебошад”, гуфта шуд, зимни мулоқот аз тарафи роҳбари гурӯҳ бо сокинон ва фаъолони ҷамоатҳои деҳот.
Маврид ба зикр аст, ки мулоқот дар фазои озод ва самимӣ ҷараён гирифта, фаъолони ҷамоат ва дигарон баромад намуда, вобаста ба саволҳои худ посухи амиқ гирифтанд.






















































































































































































































































































































































































































































































