Вохӯрии гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ бо сокинони фаъол як ташаббус барои баррасии мушкилоти ҷомеа ва муаррифии дастовардҳои давлат мебошад. Чунин вохӯрӣ имрӯз дар толори Ҷамоати деҳоти М. Ширинҷонови ноҳияи Шуғнон баргузор карда шуд, ки дар Имомназар Хоҷаназар Лутфулло мушовири раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Хушомади Алидод узви садорати иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва муовини раиси ноҳияи Шуғнон Мирзоашраф Пайрав Изатали доир ба дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, суханронӣ карда, бо сокинон муҳтавои нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистонро шарҳу тавзеҳ доданд.
Муовини раиси ноҳияи Шуғнон Мирзоашраф Пайрав Иззаталӣ аз номи роҳбарияти ноҳия меҳмононро барои ташрифи навбатиашон ба ноҳияи Шуғнон таҳният гуфта, зикр намуд, ки бо ҳидояту дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ноҳияи Шуғнон корҳои азими созандагӣ роҳандозӣ гардида, мардуми ноҳия дастовардҳои даврони истиқлолро дар роҳи таҳкими давлатдории миллӣ ва ободу пешрафта гардонидани кишвари азизамон медонанд ва онро қадр менамоянд.






















































































































































































































































































































































































































































































