Санаи 16.01.2025 дар Ҷамоати деҳоти Ғ. Шаҳбозови ноҳияи Шуғнон бо иштироки гурӯҳи кории вилоятӣ дар ҳайати мушовири Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Имомназар Хоҷаназар Лутфулло, рӯзноманигори варзидаи Идораи телевизиони Бадахшон Муштари Асламшоева ва муовини раиси муовини раиси ноҳияи Шуғнон Мирзоашраф Пайрав Иззаталӣ вохӯрии судманд бо усули маҳалла ба маҳалла бо сокинон баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуда, иштирокчиён оид ба самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, рушди иҷтимоию иқтисодӣ, таҳкими суботи ҷомеа, таъмини амнияти миллӣ, дастгирии ҷавонон ва занон, рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ ибрози назар намуданд.






















































































































































































































































































































































































































































































