Санаи 17.01.2025 дар Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон бо иштироки гурӯҳи кории вилоятӣ дар ҳайати мушовири Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Имомназар Хоҷаназар Лутфулло, Файзуллобек Тоҷинисо Ҷангибек сардори Идораи телевизион ва радиои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Бадахшон ва муовини раиси муовини раиси ноҳияи Шуғнон Мирзоашраф Пайрав Иззаталӣ вохӯрии судманд бо усули маҳалла ба маҳалла бо сокинон баргузор гардид.
Ҷараёни вохӯриро нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуда, иштирокчиён оид ба самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, рушди иҷтимоию иқтисодӣ, таҳкими суботи ҷомеа, таъмини амнияти миллӣ, дастгирии ҷавонон ва занон, рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ ибрози назар намуданд.






















































































































































































































































































































































































































































































