Муҳтарам раис,
Бо камоли эҳтиром, садоқати бепоён ва ихлоси инсонӣ Шуморо бо Рӯзи мавлуди хуҷастаатон табрику муборакбод гуфта, ба Шумо саломатии ҳамешагӣ, умри дарозу рӯзгори пур аз баракат ва обрӯю иқболи аз ин ҳам бештар дар фаъолияти касбӣ таманно менамоем. .
Лозим ба зикр аст, ки хизматҳои софдилонаи Шумо пеш аз ҳама дар корҳои ободонию созандагӣ ва рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳия назаррас буда, ҳамаи сокинони шарафманди ноҳия хизматҳои шабонарӯзӣ ва бенуқсони Шуморо мадҳу сано менамоянд.
Содиқ будани Шумо дар Ватандорӣ, устувории махсус ва тинату мароми мустаҳкам, қадамҳои қатъӣ ва баробарии гуфтор бо рафтору кирдор, далели ростқавлӣ ва дарси ибрат барои ҳар як хурду бузурги ноҳия мебошад.
Ин таваҷҷуҳ ва кордониву масъулияти баланди хизматӣ ба дили ҳар як нафари ин диёри таърихию биҳиштосо шуълаи умедро ба ояндаи дурахшон мунаввар гардонида, имрӯз корҳои созандагиву ободкорӣ дар қаламрави ноҳия вусъати тоза касб намудааст.
Дар ин росто, мо рӯзи мавлуди хуҷастаи Шуморо, шахсан барои худатон ва аҳли оилаатон сидқан муборакбод гуфта, таманнои он дорем, ки ҳамеша сиҳату саломат ва хонаобод бошед! Бигузор, ҳар нияти неке, ки дар масири рушду равнақи Тоҷикистони азиз, минҷумла, ноҳияи Шуғнон доред, ҷомаи амал пӯшад!
Ҳамеша сарфарозу соҳибэҳтиром бимонед!
Бо эҳтироми самимӣ, кормандони дастгоҳи раиси ноҳияи Шуғнон..


















































































































































































































































































































































































































































































