Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ ва ҳуқуқӣ самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро муайян менамояд. Дар Паёми соли 2025 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2026-ро «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» эълон намуданд. Ин эълон на танҳо аҳамияти таърихӣ дорад, балки аз нигоҳи ҳуқуқӣ ба асосҳои конститутсионӣ ва қонунҳои амалкунандаи кишвар такя мекунад. Соли 2025 барои ноҳияи Шуғнон марҳилаи муҳим ва пурмасъулият дар роҳи рушд, ободонӣ ва созандагӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин сол корҳои бунёдкорона бо ҳадафи беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ, рушди инфрасохтор ва таҳкими пояҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия вусъат ёфтанд. Сиёсати созандагӣ ва таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти давлату Ҳукумат ба минтақаҳои кӯҳистон, аз ҷумла ноҳияи Шуғнон, заминаи воқеии пешрафтро фароҳам овард.
Дар доираи корҳои ободонӣ дар соли сипаришуда бунёду навсозии роҳҳо ва дигар иншооти муҳими инфрасохторӣ амалӣ гардид. Роҳҳои маҳаллӣ таъмиру тармим шуда, рафтуомади сокинон осонтар гардид. Ин тадбирҳо на танҳо ҳаракати нақлиётро беҳтар намуданд, балки барои рушди тиҷорат, сайёҳӣ ва робитаи байни деҳаҳо низ мусоидат карданд.
Соҳаи иҷтимоӣ низ дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт. Дар ноҳия сохтмон ва таъмири муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ ҷараён гирифт. Мактабҳо, кӯдакистонҳо ва марказҳои тиббӣ навсозӣ шуда, шароити таълиму табобат беҳтар гардид. Ин ҳама нишон медиҳад, ки сиёсати иҷтимоии давлат ба тарбияи насли солим ва босавод равона гардидааст.
Дар баробари ин, корҳои ободонӣ дар самти тозагии муҳити зист, сабзкорӣ ва зебо гардонидани маҳалҳо низ фаъолона пеш бурда шуданд. Шинонидани дарахтон, обод кардани кӯчаҳо ва майдонҳо, нигоҳдории тозагии маҳаллаҳо ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносии сокинонро боз ҳам қавитар намуд. Иштироки фаъолонаи аҳолӣ дар корҳои ҳашар ва созандагӣ далели равшани ҳамбастагӣ ва ваҳдати мардум мебошад.
Мо кушиш ба харҷ медиҳем, ки дар соли 2026-ро низ бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст намуда, бо дастгирии соҳибкорӣ, рушди хоҷагиҳои деҳқонӣ имконият фароҳам овард, ки ҷойҳои нави корӣ таъсис ёбанд ва сатҳи даромади мардум аз имсол дида баландтар шавад. Ин равандҳо ба беҳбуди зиндагии аҳолӣ таъсири мусбат хоҳанд расонад.
Хулоса, соли 2026 барои ноҳияи Шуғнон ҳамчун соли ободонию созандагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва пешрафт дар хотир хоҳад монд. Корҳои ба нақша гирифта шуда нишон медиҳанд, ки ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон ва сокинони он, бо заҳмати содиқона ва нияти нек метавон диёри худро боз ҳам ободу зебо гардонд. Ояндаи дурахшони ноҳияи Шуғнон маҳз аз чунин иқдомҳои созанда оғоз мегардад ва ҳар як сокин бояд дар ин раванд саҳми худро гузорад.
Мутахассиси пешбари Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси нохия: Абдулалишоева Майрам


















































































































































































































































































































































































































































































