Сада яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод, аз ҷумла тоҷикон ба шумор рафта, решаҳои он ба ҳазорон сол пеш, ба даврони ташаккули тамаддуни ориёӣ мерасад. Ин ҷашн ҳамчун рамзи пирӯзии нур бар зулмот, гармӣ бар сардӣ ва умед бар ноумедӣ дар зеҳни мардум ҷойгоҳи хос дорад.

Дар сарчашмаҳои бостонӣ, аз ҷумла дар «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ, пайдоиши ҷашни Сада ба номи подшоҳи афсонавӣ Ҳушанг нисбат дода мешавад. Тибқи ривоят, Ҳушанг ҳангоми партофтани санг ба сӯи мор ба таври тасодуфӣ ба кашфи оташ муваффақ мегардад. Оташ ҳамчун неъмати илоҳӣ пазируфта шуда, инсонро аз торикӣ ва сармо наҷот мебахшад. Ба ҳамин муносибат мардум гирди оташ ҷамъ омада, ҷашни Садаро поягузорӣ мекунанд.

Фирдавсӣ менависад, ки Сада панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз пеш аз Наврӯз таҷлил мегардад, яъне дар авҷи фасли сармо, замоне ки инсон ба гармӣ ва рӯшноӣ бештар ниёз дорад. Аз ин ҷиҳат, Сада ҷашни умед, сабр ва интизори баҳор аст.

Маъно ва фалсафаи ҷашн

Вожаи «Сада» ба маънои «сад» буда, ба ақидаи муҳаққиқон, ба сад рӯзи мондан то фарорасии Наврӯз ишора мекунад. Аммо маънои аслии он танҳо ҳисоб нест, балки рамзи гузариш аз сармо ба гармӣ, аз торикӣ ба рӯшноӣ ва аз марг ба ҳаёт мебошад.

Дар фарҳанги ниёгони мо оташ муқаддас маҳсуб меёфт. Он на танҳо манбаи гармӣ, балки рамзи покӣ, адолат ва ҳаёт буд. Афрӯхтани оташ дар ҷашни Сада ба маънои дур сохтани бадӣ, беморӣ ва офат аз зиндагии инсон аст.

Дар гузашта ҷашни Сада бо афрӯхтани гулханҳои бузург, хурсандии умумӣ, сурудхонӣ ва орзуи соли пурбаракат баргузор мегардид. Мардум гирди оташ ҷамъ шуда, бо нияти нек ба оянда менигаристанд. Ин ҷашн бештар хусусияти мардумӣ дошта, рамзи ҳамбастагӣ ва ваҳдати иҷтимоӣ буд.

Дар баъзе минтақаҳо Сада ҳамчун оғози корҳои омодагӣ ба баҳор ва киштукор дониста мешуд. Ҷашн мардумро ба меҳнат, сабр ва созандагӣ ҳидоят мекард.

Аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолии кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эҳёи суннатҳо, ҷашнҳо ва арзишҳои миллӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва таҳдидҳои фарҳангӣ, Пешвои миллат масъалаи худшиносии миллӣ ва пос доштани мероси ниёгонро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян карданд.

Имрӯз он ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил шуда, ба тарбияи худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърих ва фарҳанги ниёгон мусоидат менамояд.

Эҳёи Сада на танҳо бозгашт ба гузашта, балки пули маънавӣ байни гузашта, имрӯз ва фардо мебошад.

Эҳёи иди Сада дар замони роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки пайванди маънавии байни наслҳо таҳким ёбад. Ин ҷашн мардумро ба ҳамбастагӣ, умед, меҳнатдӯстӣ ва созандагӣ даъват мекунад.

Илова бар ин, эҳёи Сада ба рушди фарҳанги миллӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба тамаддуни тоҷикон мусоидат менамояд.

Ин ҷашн нишон медиҳад, ки фарҳанги тоҷикон решадор, зинда ва қобили ҳамқадамӣ бо замон аст.

Сада ҷашни нур, гармӣ ва умед аст. Он моро ба қадршиносии таърих, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пос доштани фарҳанги ниёгон даъват мекунад. Дар ҷаҳони муосир, ки инсоният ба рӯшноии маънавӣ ниёз дорад, Сада ҳамчун чароғи ҳикмат аз умқи таърих роҳи фардоро равшан месозад.Хизматҳои беназири роҳбарияти олии мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва ҷашнгирии иди Сада дорои аҳамияти таърихӣ мебошанд. Бо сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои миллат, Сада имрӯз ҳамчун ҷашни миллӣ дубора зинда гардида, ба рамзи нур, гармӣ ва худшиносии миллӣ табдил ёфтааст.

Эҳёи Сада далели равшани он аст, ки Тоҷикистон бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фарҳанги худ арҷ мегузорад ва онро ҳамчун пояи устувори давлатдории миллӣ ҳифз ва рушди минбаъда медиҳад.

Мирзоашраф Пайрав Иззаталӣ муовини раиси ноҳияи Шуғнон

Возможно, это изображение текст