Санаи 16.01.2026 гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон тибқи нақшаи муштараки дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои дахлдори ноҳия бо усули “Мактаб ба мактаб” бо хонандагон, омӯзгорон ва падару модарон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 9-и деҳаи Ёмҷи Ҷамоати деҳоти Поршиневи ноҳияи Шуғнон вохӯрӣ анҷом доданд.

Дар вохӯрии мазкур мудири шӯъбаи маорифи ноҳия, мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия, котиби васояту парастории ноҳия намояндаи ШВКД дар ноҳия ва дигар намояндагони аъзоёни гурӯҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки ташкили вохӯрии мазкур бо мақсади пешгирии омилҳои номатлуб миёни наврасону ҷавонон, ҷинояткорӣ, пешгирӣ онҳо аз шомилшави ба экстремизму терроризм, ҷалби падару модар ба таълиму тарбияи фарзанд, ҳатми будани таҳсил дар зинаи сеюми таҳсилот, фаҳмонидани муҳтавои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, “Дар бораи маориф”, “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, омӯзонидани духтарон ба рӯзгордориву оиладорӣ, гиромӣ доштани фарҳанги либоспӯшии миллӣ, ба роҳ мондани тозакориву ободонӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуд.