Имрӯз дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон ҷаласаи назди раиси ноҳияи Шуғнон, вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Маҷлиси васеъи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа шуд, баргузор гардид.

Ҷаласаро раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил ҳусни оғоз бахшид. Дар кори ҷаласа муовини якум, муовинон роҳбарони идораву муассисаҳои ноҳия иштирок намуданд. Зимни баргузории кори ҷаласа масъалаҳои иҷрои супоришҳое, ки дар маҷлиси васеъи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи роҳбарияти Олии кишвар ба раисони шаҳру ноҳияҳо дода шуданд, шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон дар деҳаҳои дурдасти ноҳия, дар сатҳи баланд таҷлил намудани иди байналмиллалии Навруз, 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъати корҳои ободониву созандагӣ, табиқи барномаҳои пешбинишуда ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд.

Вобаста ба бартараф намудани камбудиҳо ва иҷрои саривақтии корҳои банақшагирифта аз тарафи роҳбарияти ноҳия ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

0