Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашнҳои кадимаи ниёгонамон аз тарафи Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё гардиданд.
Сада ба монанди Наврўз, Мехргон ва Тиргон таҷассумгари суннатҳои неки инсонист, ки файзу баракати Замин, хони неъмати кишоварзонро инъикос менамояд. Мардуми сарбаланди Шуғнонзамин аз кадимулайём баъди паси сар намудани сарди зимистон, ки ба таърихи 31 уми январи сол рост меояд, чашни Садаро бо шаҳомат ва расму русуми хоси минтака таҷлил мекарданд. Замин, ки сарвати бебахост аз кадимулайём воситаи асосӣ рисқдиҳанда ва таъминкунандаи анвои неъматҳои файзбори ғизойи ба ҳисоб мерафт марди деҳкон, кишоварз, оҳангар ба фасли баҳор омодагӣ медиданд. Тухмиҳои зироаатҳои кишоварзиро тоза карда барои шудгори замин асбобу олоти дехқонӣ(югу испори. сихмола, оҳани кулба, белу каланд) ва дигар лавозимоти зарурии дехконро сохта тайёр намуданд. Марди дехкон бо этикод ва суннатҳои баланди хоси минтака дар атрофи оташи мукаддас, ки рамзи ёдгории Сада мебошад давр зада белу каландро ба замин мезаданд, ки дар мавсими бахори сол кишоварзон хосили баландро ба даст дароранд. Хурду бузург дар гирди оташ аловпарак мекарданд.
Сада яке аз чашихои калимаи ниёгон пирӯзии рушной бар торики, гармӣ бар сармо ва некӣ бар бадӣ асос ёфта, бо афрухтани гулхан аз тарафи мардум истиқбол гирифта мешавад.
Дар замони соҳибистиқлоли кишвари азизамон соҳаи кишоварзии ноҳияи Шуғнон бо дастгириҳои хамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон, Вазорати кишоварзӣ, Макомоти иҷроияи ҳокимияти давлаатии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Шуғнон ба натичаҳои баланди истеҳсоли нохил гардиданд.
Дар ҳамаи шаклҳои хочагидории ноҳия дар соли 2025 аз ҳисоби кишти зироатхои кишоарзӣ ҳосилнокии миёнаи зироатҳои галладонагихо 14,8 сентнер, аз ҷумла гандуми бахорӣ 15.1 сентнер, картошка 137 сентнер.сабзавот 181 сентнер ва мена 75.3 сентнер ташкил дод.
Такмил додани сохтори кишти зироатҳои кишоарзӣ имкон дод, ки дар қиёс бо соли 2024-72 тонна галла, 157 тонна картошка, 108 тонна сабзавот, 70 тонна мева зиёдтар истеҳсол карда шуд. Дар соҳаи боғдорӣ бошад дар майдони 14 га богҳои нав аз нав бунёд гардида, дар майдони беш аз 12 га богҳои кӯҳна аз нав баркарор карда шуданд.
Барои заминагузорӣ ба мавсими кишти баҳорӣ дар тирамоҳи соли 2025 майдони заминҳои зери алафҳои бисёрсолаи ришказои каҳосил дар чамоатхои дехоти ноҳия дар майдони 12 га кишттардон карда ба кишти зироатҳои озукаворӣ фаро гирифта менавад. Ҳамзамон, сохтмони гармхонаи доимоамалкунандаи муосир дар майдони 0,32 га, ташкили хочагии ниҳолпарварӣ барои парвариш ва омода намудани ниҳолхои мевадихандаи тухмдор, донакдор, ороишӣ ва ҳамешасбздар дар дехаи Пашори чамоати деҳоти Поршинев бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ карор гирифта мешавад.
Боиси ифтихор аст, ки тайи чанд соли охир дар Ҷумҳурӣ ҷашни Сада таҷлил мегардад.
Чи хуб аст, ки бо баракати Истиқлолияти кишвари маҳбубумон ҷашни Сада эҳё гардид, ки ин аз фарҳанги волои миллати шарифи тоҷик дарак медиҳад. Имрӯзҳо шукӯҳи бостонии ҷашни Сада рӯз аз рӯз барқарор гардида истодааст, ки ҳамасола онро дар Тоҷикистони азизи мо дар санаи 30-юми январ бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн мегиранд.
Умед дорем, ки дар соли 2026 бо таҷлили ҷашни Сада ва омад омади фасли баҳору Наврӯз меҳру вафо, равшанию гармӣ, фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ дар кишвари азизамон боз ҳам устувор мегардад
Чашни Сада муборак!
Мудири бахши кишоварзии ноҳияи Шуғнон: Абдулҳасан Мамадҳасанов


















































































































































































































































































































































































































































































