Вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Раиси Федератсияи волейболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ Дар бораи баргузор намудани мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейболи байни бонувон маросими расмии ифтитоҳи мусобиқа баргузор гардид.
Дар маросими кушодашавии мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни бонувони ноҳия раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил мақомоти самти варзишу кор бо ҷавонон директорони мактабҳои варзишӣ иштирок намуданд.
Мусобиқаи волейбол байни занон, ки ҳамасола рушд ёфта истодааст, ба яке аз мусобиқаҳои писандидаи бонувон табдил шудааст. Ин чорабинии варзишӣ бо иштироки дастаҳои фаъол баргузор шуда, барои баланд бардоштани маҳорати варзишӣ, рӯҳияи рақобати солим ва дӯстӣ равона гардидааст. Волейбол ҳамчун яке аз намудҳои дӯстдоштаи варзиш дар байни ҷавонон нақши муҳим дошта, ҳисси ҳамбастагӣ, интизом ва масъулиятро тақвият мебахшад. Ҳамзамон ба ин васила кормандони идораву сохторҳои гуногун баробари корҳои ҳаррӯза, фурсати хубе пайдо мекунанд, то ба тарбияи ҷисмонӣ ва тарзи дурусти ҳаёти солим машғул шаванд. Маврид ба зикр аст, ки дар ноҳия 7 даста, дар ҳар як ҷамоати деҳот як даста ташкил карда шуда, аз байни бозигарон тими якачини ноҳияи Шуғнон интихоб гардид. Дар охири мусобиқа раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил бо варзишгарон суҳбати самимӣ ороста, қайд карданд ки баргузории чунин мусобиқаҳо ба рушди ҷисмонӣ ва маънавии ҷавонон мусоидат намуда, онҳоро ба фаъолияти варзишӣ ва ҳаёти солим ҷалб менамояд.
Умед аст, ки ин бозии волейбол ба як ҷашни варзишӣ табдил ёфта, барои иштирокчиён ва тамошобинон хотироти нек боқӣ мегузорад.






















































































































































































































































































































































































































































































