Санаи 26.01.2026 дар Муасисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-и ноҳияи Шуғнон вохӯрӣ бо хонандагони синфҳои болоӣ, омӯзгорон ва падару модарон оид ба рафти татбиқи усули “Мактаб ба мактаб” баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ намояндагон шуъбаи маориф, бахши кор бо ҷавонон, бахши кор бо занон иштирок ва оид ба дастуру тавсияҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ ва ватанпарварӣ, аҳамияти зарурӣ ҷиҳати эҳтиромгузорӣ ба қонунҳои амалкунанда, риояи ҳатмии қонуни Забони давлати дар муассисаҳо таълимӣ, аз ҷумла қонунҳои масъулият дар таълиму тарбияи кӯдакон, танзими ҷашну маросим, ӯҳдадориҳои ҷавонписарон дар адои хизмати ҳатмии ҳарбӣ, риояи фарҳанги милли либоспӯшии занону духтарон, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, хушунати хонаводагӣ, маданияти истифодабарии телефонҳои мобилӣ дар мавриди корбарӣ бо шабакаҳои иҷтимоии интернет, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоии экстремистиву террористӣ, пешгирии ҷавонон аз истифодаи маводҳои мадҳушкунанда, фарогирии шаҳрвандони бекор бо шуғли пурмаҳсул ва дигар масъалаҳои мубрам суҳбату корҳои фаҳмондадиҳӣ доир намуданд.