Аз фурсати муносиб истифода бурда, аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсан аз номи худам ҳамаи Шуморо бо фарорасии ҷашни миллии Сада самимона табрику таҳният гуфта, бароятон сиҳатӣ, саломатӣ, сарбаландию сарфарозӣ ва дар ҷодаи кор комёбиҳои беназирро таманно менамоям.
Ҷашни Сада яке аз ҷашнњои қадимаи мардумони ороитабор ба шумор меравад. Сада ҳамасола дар рўзи 10-уми моҳи баҳмани солшумории ҳиҷрии хуршедӣ таҷлил мегардад, ки баробар ба 30- юми январи солшумории мелодӣ баробар аст. Ғояи асосии ҷашни Сада гиромидошти нуру рушноӣ ва гармӣ мебошад.Миллати фарҳангофар ва адабпарвари бузурги тоҷик, бахусус, дар солҳои Истиқлоли давлати ба ҷаҳониён мероси гаронбаҳои фарҳангию адабӣ анъанаҳои миллии худро раҳнамои намуда, ҳамчун миллати ориёибунёд ва асилтабор дар дунёи муосир, дар саросари ҷаҳон шинохта шуд.
Яке аз суннатҳои миллии мо дар қатори Меҳргону Наврӯз гиромидошт ва таҷлили ҷашни Сада мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,Президенти Љумњурии Тољикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манзалату мартабаи ҷашни Садаро дар радифи дигар ҷашнҳои миллӣ баланд бардошта қайд намуданд, ки Тавре сарчашмаҳои таърихӣ ва ишораҳои адибону донишмандони пешин бармеояд, ҷашни Сада дар миёни ҷашнҳои сегонаи мардуми мо мақому манзалати хоса дорад, зеро он ифодагари омодагӣ ба гардиши табиат мебошад. Маросиму ойинҳои ин ҷашни мардумӣ аз қадим баргирандаи нияту орзуҳои неки гузаштагони мо мебошанд.
Одамони синну соли гуногун дар давраи авҷи сардии зимистон бо орзуи омадани фасли баҳори ҷонбахш бо ҳам ҷамъ омада, чорабиниҳои мухталиф доир намуда, гулхану, базм меоростанд, шодиву хурсандӣ мекарданд ва бо ҳамин роҳ сахтии сарморо барои якдигар осон менамуданд. Дар миёни суннатҳои Сада гулхан афрӯхтан мавқеи асосӣ дорад. Ба ин маънӣ, ин ҷашнро метавон ҷашни оташ, яъне манбаи гармиву нур номид. Дар замони Истиқлол Сада баробари дигар маросиму суннатҳои миллии мо, аз ҷумла Наврӯзу Меҳргон умри дубора пайдо карда, таҷлили ҳарсолаи он ба ҳукми анъана даромад.. Ҷашни Сада дар радифи Навруз ва Меҳргон аз ойинҳои бостони мардуми тоҷик маҳсуб меёбад. Таҷлили ин ҷашн мувофиқи солшумории шамсӣ ба поёни шаби 30-юм ва аввали рӯзи 31- уми январ рост меояд. Ҷашн ба ин хотир Сада ном гирифтааст, ки фосилаи ваќт аз 10 – уми моҳи Баҳман то рӯзи Наврӯз 50 шабу, 50 рӯз, дар маҷмӯъ 100 шабонарӯзро дарбар мегирад. Яъне ҷашни Сада аз поён ёфтани сардиҳои зимистон ва омад – омади баҳору Наврӯзи оламафрӯз мужда медиҳад. .
Ҳамдиёрони азиз !
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар Сада аз нав эҳё гашта, таҷлили он ба қонунгузории мамлакат дохил карда шуд. Сада ба кишоварзон аз расидани мавсими омодагӣ ба корҳои саҳроӣ, обёрии заминҳои кишт, ниҳолшинонӣ, бунёди боғҳои нав, тоза ва сарсабзу зебо намудани маҳаллаҳо, гулгашту хиёбонҳо башорат медиҳад. Аз ин ишораҳои ҷолиб равшан мегардад, ки ҷашни Сада дар баробари ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргон мақому мартабаи баланд дорад ва суннату ойинҳои беҳтаринро доро мебошад. Пас лозим меояд, ки таҷлили ин ҷашн дар сатҳи баланди фарҳангиву маънавӣ сурат бандад. Ҷойи зикр аст, ки суннатҳои ин ҷашн бояд аз нав эҳё гарданд ва фарҳангу суннатҳои мардумии моро ғанитар созанд.
Дар ин рузи саид ва фархунда бори дигар кулли ҳамдиёронро бо ин ҷашни муборак сидқан ва бо эҳтироми комил табрик намуда, ба Шумо бардамию саломатӣ, баракату шарофат дар хонавода, табъи хушу созанда орзу менамоям!
Бигзор, Хуршеди Ваҳдату саодат дар осмони Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷовидона шӯълавар бошад!
Ид муборак ҳамдиёрони азиз!


















































































































































































































































































































































































































































































