Санаи 30 январи соли 2026 дар варзишгоҳи Ҷамоати деҳоти Ғарибшо Шабозов, деҳаи Нишусп чорабинии фарҳангии идона бахшида ба Чашни бостонии Сада баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил аз намоишгоҳи кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дидан намуданд. Дар давоми чорабини роҳбарияти ноҳия бо сухани табрикотӣ баромад намуда, ҳозиринро ба муносибати ҷашни бостонии Сада самимона табрик гуфтанд. Зимни баромади худ раиси ноҳия таъкид намуданд, ки Чашни Сада яке аз ҷашнҳои қадимтарини миллати тоҷик буда, рамзи равшанӣ, гармӣ, заҳмати созанда ва умеди инсон ба фардои нек мебошад.

Зикр карданд, ки бо шарофати сиёсати фарҳангпарварона ва дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз ҷашнҳои бостонии миллӣ эҳё гардида, ҳамчун василаи муҳими тарбияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ хизмат менамоянд. Таҷлили чунин ҷашнҳо ба таҳкими ваҳдати миллӣ, арҷгузорӣ ба таърих ва суннатҳои ниёгон мусоидат мекунад.

Барномаи ҷолиби фарҳангӣ аз тарафи кормандони бахши фарҳангӣ ноҳияи Шуғнон анҷомбахши чорабини гардид.