Таърих гувоҳ аст, ки занон-модарони шарафманди тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат буда, дар ҳифз ва нигоҳдошти фарҳанги аҷдодӣ мавқеи назаррас доранд.

Занону духтарони атласу адрас ва чаканпӯши зебои тоҷик бо тасвиру рангҳои дилкаши либоси худ, анъанаҳои фарҳанги миллии моро пеши назарамон ҷилвагар менамояд. Анъанаҳои фарҳанги миллии мо зиёд буда, онҳо бо хусусияту моҳияти хоси худ, таърихи офариниш ва ривоҷу равнақи худ аз ҳамдигар фарқ мекунад. Яке аз ҳунарҳои волои мардуми тоҷик кашидадӯзӣ ё гулдӯзии чакан мебошад. Чакан таърихи ниҳоят қадимӣ дошта, ба тарзи зиндагӣ, урфу одат ва олами маънавии халқи тоҷик алоқамандии зич дорад.

Либоси миллӣ ёдгоре аз гузаштагон буда, аз давраҳои қадим то ба имрӯз зебоӣ ва назокату нафисии худро гум накардааст ва минбаъд низ аз байн нахоҳад рафт.

Боиси хурсандист, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо дастуру идоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ташвиқу тарғиби либоси миллӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Пас моро мебояд, ки дар пайравӣ аз суханони Пешвои миллат ба бегонапарастию хурофотпарастӣ роҳ надода, либоси тоҷиконаи худамонро ба бар кунем. Мо бояд кӯшиш намоем, ки либоси миллии мо машҳуру маъмул шавад ва бо фахр бигӯем: “Мо тоҷикем!”