Баҳри иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкил ва баргузории нишастҳои матбуотӣ дар мақомотҳои давлатӣ” ва нақшаи тасдиқнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, санаи 04-уми феврали соли равон дар маркази ноҳияи Шуғнон шаҳраки Ваҳдат бо иштироки раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил ва намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотии раиси ноҳия доир гардид.
Сараввал, роҳбарияти ноҳия барои ҳамкории мутақобилан судманд бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон, дастгирии сиёсати давлатӣ, тарғибу ташвиқи арзишҳои миллию давлатдорӣ ва муаррифии дастовардҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар соли 2025 ба кулли рӯзноманигорон изҳори сипосу миннатдорӣ баён кард.
Зимни баромади раиси ноҳияи Шуғнон дар назди намояндагони ВАО доир ба муҳимтарин нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Шуғнон дар соли 2025 ба иштирокчиёни нишасти матбуотӣ муфассал баромад намуд.
Дар охир аз тарафи рӯзноманигорон ва аҳли қалам ба раиси ноҳия саволҳо дода шуда, аз тарафи роҳбарият посухҳои мушаххас гирифтанд. Раиси ноҳия изҳор дошт, ки сокинони шарафманди ноҳия бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Мӯҳтарам Пешвои муаззами миллат баҳри иҷрои ҳадафҳои пешгирифта ва сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти корҳои ободонию созандагӣ саъю талош хоҳанд варзид.






















































































































































































































































































































































































































































































