Бо мақсади таҳкими робитаи мустақим бо аҳолӣ, баррасии масъалаҳои мубрами иҷтимоӣ ва шунидани дархосту пешниҳодҳои сокинон вохӯрии раиси ноҳия бо сокинон ва фаъолони ҷамоати деҳоти Мирзочон Ширинчонов бо усули деҳа ба деҳа, дар деҳаи Бунӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ раиси ноҳия, намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони идораву муассисаҳо, фаъолони ҷамоат, ҷавонон ва сокинони маҳаллӣ иштирок намуданд.
Раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил зимни суханронии худ оид ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, афзун намудани корҳои ободониву созандагӣ барои сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои асосии сиёсати давлат, дастовардҳои соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, рушди инфрасохтор, маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ ва ободонӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Таъкид гардид, ки ҳамаи пешравиҳо самараи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Ҳамзамон, вобаста ба пешгирии омилҳои номатлуб миёни наврасону ҷавонон, ҷинояткорӣ, пешгирии онҳо аз шомилшавӣ ба ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, ҷалби падару модар ба таълиму тарбияи фарзанд, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, шарҳи муҳтавои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, ҷалби ҳар чи бештари аҳоли барои иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва ба роҳ мондани корҳои ободонӣ суханронӣ карда шуд.
Зикр шуд, ки дар ҷамоати деҳоти Мирзочон Ширинчонов дар самти ободонӣ, беҳтар намудани роҳҳо, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, барқ, рушди соҳаи маориф ва тандурустӣ корҳои назаррас ба анҷом расидаанд ва дар оянда низ татбиқи лоиҳаҳои муҳими иҷтимоӣ идома меёбад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ сокинон ва фаъолони ҷамоат доир ба масъалаҳои марбут ба:
таъмиру сохтмони роҳҳои маҳаллӣ,
таъмини оби нӯшокӣ ва обёрӣ,
беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ,
шароити муассисаҳои таълимӣ,
таъсиси ҷойҳои нави корӣ,
масъалаҳои иҷтимоии аҳолии ниёзманд
фикру пешниҳодҳои худро баён намуданд.
Раиси ноҳия ҷиҳати ҳалли масъалаҳои матраҳшуда ба масъулини соҳа супоришҳои мушаххас дод. Таъкид гардид, ки ҳалли мушкилоти аҳолӣ дар меҳвари фаъолияти мақомоти маҳаллӣ қарор дорад.
Вохӯрӣ дар фазои озоду созанда баргузор гардида, барои таҳкими ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо сокинон, баланд бардоштани сатҳи боварӣ ва иштироки фаъоли шаҳрвандон дар корҳои ободонию созандагӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Дар анҷом сокинон барои таваҷҷуҳ ва дастгирии пайваста ба раиси ноҳия изҳори сипос намуда, омодагии худро ҷиҳати саҳмгузорӣ дар рушди ҷамоат ва ноҳия иброз доштанд.






















































































































































































































































































































































































































































































