Санаи 05.02.2026 ҷаласаи назди раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил, ки дар он муовини раиси ноҳия сарпарасти соҳа, мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, мудири шуъбаи маориф ва зерсохторҳои он, директорони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон ва довталабони озмунҳои Ҷумҳуриявӣ иштирок доштанд.

Дар ҷаласа масъалаи ҷамбасти озмунҳои ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ, китоб аст”, “Илм фуруғи маърифат”, “Тоҷикистон ватани азизи ман” ва иштирок дар онҳо аз тамоми қишрҳои ҷомеа дар онҳо, ҳамчунин иштироки хонандагони муассисаҳои ҳудуди ноҳия дар олимпиядаҳои фаннӣ ва байналмиалӣ натиҷагирӣ гардид.

Аз руи масъала мудири шуъбаи маорифи ноҳия ахборот дода, баҳри дар сатҳи баланд баргузор намудани озмуну олимпиадаҳои фаннӣ аз ҷониби роҳбарияти ноҳия супоришҳои мушаххас гирифтанд.

Раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил зимни суханронии худ қайд намуданд, ки маҳз таваҷҷуҳи роҳбарияти олии кишвар ба соҳаи маориф аст, ки дар тамоми гушаву канори Тоҷикистони азиз сохтмони муасисаҳои наву замонавии муҷаҳҳаз бо тамоми шароити замони муосир бо маром идома дошта, мавқеи ин соҳаи дар рушду пешрафти давлат мақоми аввалиндараҷаро касб намудааст.

Роҳбарияти ноҳия қайд карданд, гарчанде натиҷаҳо дар олимпиаддаҳои ҷумҳуриявӣ назаррас ҳастанд, аммо дар Озмунҳои Ҷумҳуриявӣ то кунун бархе аз мушкилотҳо вуҷуд доранд. Барои аз миён бардоштани мушкилиҳои ҷойдошта ба мутасаддиён кормандони шуъбаи маорифи ноҳия, мудирони шуъбаҳо, маркази дарёфт ва рушди истедодҳо ва дигар идораҳои дахлдор ҷиҳати омода намудани довталабон дар сатҳи лозимӣ барои иштирок дар озмунҳои Ҷумҳуриявӣ барои соли 2026 муваззаф намуданд.

 

 

 

 

 

Все реакции:

121Давлатмо Мастибекова, Alim Mirzoashrafov и ещё 119