Санаи 10.02.2026 ҷаласаи назди раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил, ки дар он муовини раиси ноҳия сарпарасти соҳа, мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, мудири бахши фарҳанг ва зерсохторҳои он, директорони китобхонаҳо довталабони озмунҳи Ҷумҳуриявии “Тоҷикистон- Ватани азизи ман” иштирок доштанд. Омодагӣ ба Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 дар сатҳи баланди касбӣ ва ташкилӣ ба роҳ монда шуда, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад.

Раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил суханрони намуда қайд намуданд, ки озмун аз рӯйи панҷ номинатсия ҷараён гирифта, ба рушд ва эҳёи санъати миллӣ, муаррифии фарҳанги воло ва арҷгузорӣ ба таърих, ки зери сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад. Барои ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм имтиёзҳои махсус, аз ҷумла дохилшавии беимтиҳон ба муассисаҳои таълимии санъат, пешбинӣ шудааст.

Барои шафоф гузаронидани озмун роҳбарияти ноҳия масъулинро супориш доданд, ки ҳайати ҳакамон аз ҳисоби мутахассисони соҳа интихоб шуда, истифодаи фонограмма дар озмун манъ аст. Озмуни мазкур ҳамчун оинаи равшани муҳаббат ба Ватан ва тарбияи зебоишиносии насли наврас маҳсуб меёбад. Инчунин роҳбарияти ноҳия барои аз миён бардоштани мушкилиҳои ҷойдошта ба мутасаддиён кормандони бахши фарҳанги ноҳия, зермохторҳои он ва дигар идораҳои дахлдор ҷиҳати омода намудани довталабон дар сатҳи лозимӣ барои иштирок дар озмунро барои соли 2026 муваззаф намуданд.