Ҷиҳати таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, ба ин васила баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум пайваста ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод аз тарафи шӯъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Шуғнон доир мегардад.
Санаи 11 феврали соли 2025 тибқи нақшаи шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Шуғнон дар ҳамкорӣ бо бахши муҳоҷирати ноҳия, ФМД “Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир” дар ноҳия дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон дар маркази ноҳия ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод доир гардид.
Дар ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод 34 ҷойи кори холӣ аз тарафи шуъба ба иштироккунандагон ва корҷӯён пешниҳод карда шуд.
Иштироккунандагон вобаста ба ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод маълумоти заруриро дастрас намуданд.
Бо мақсади гирифтани маълумоти бештар ба иштироккунандагон аз тарафи масъулин варақаҳо ва китобчаҳо тақсим карда шуд.

















































































































































































































































































































































































































































































