Дар Кӯдакистони рақами 3-и бо номи “Пайравони Пешво”-и шаҳраки Ваҳдат ва рақами 2-и деҳаи Возми ноҳияи Шуғнон силсила чорабиниҳои таълимӣ-тарбиявӣ зери унвони “Имруз кӯдак –фардо сарбоз!” бахшида ба Рӯзи Артиши милии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ роҳандозӣ гардиданд.
Дар чорабинии мазкур кӯдакон либосҳои ҳарбӣ ба бар карда, дар васфи Ватан, Артиши миллӣ, садоқат ба Ватан, сарбоз ва ғайра шеъру суруд ва таронаҳои ватандӯстона қироат намуданд.
Ҳамчунин барномаи фарҳангӣ пешкаш гардид, ки дар он хонандагон композитсия бахшида ба Рӯзи- Артиши милии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сурудҳои гурӯҳи таҳти унвони ”Аскарон”, Тоҷикистон, Ватан сароида шуд, инчунин рақси гурӯҳи дар иҷрои духтарон ва писарон манзур гардид.
Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ мазкур бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ дар ниҳоди кӯдакон маънидод гардид.

















































































































































































































































































































































































































































































